Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жан-Клод Юнкер курсии нахуствазириро тарк мекунад


Нахуствазири Люксембург Жан-Клод Юнкер, ки аз маъруфтарин чеҳраҳои сиёсии Аврупо маҳсуб мешавад, рӯзи панҷшанбе дар бораи тасмимаш барои истеъфо хабар дод. Раиси кобинаи вазирон барои аъмоли хадамоти кашфи Люксембург, ки дар фасод ва назорати махфӣ аз болои сиёсатмадорони кишвар муттаҳам мешаванд, ҳадафи танқид қарор гирифт.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, аз ҷумла, соли 2007 хадамоти кашфи SREL бо дархости як соҳибкори рус (ному насабаш ошкор нашудааст) барои ҳалли баҳси тиҷоратӣ ба ивази даҳ дар сади даромад аз муомила мехост амалиёт доир кунад. Баъди дарёфти иттилоъ дар ин бора Юнкер амалиётро мутаваққиф кард ва аммо гунаҳкоронро беҷазо гузошт.

Вакилони парлумони Люксембург нахуствазир ва атрофиёни ӯро дар дигар далелҳои сӯиистифода аз мақом ҳам айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG