Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти фурудгоҳи Кӯлоб аз талаби Онишенко ёдовар шуданд


Фурудгоҳи Кӯлоб аз мусофирон хостааст, ки барои сафар ба Русия дар бағоҷи худ меваи хушк нагиранд. Алӣ Комилов, раиси фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб рӯзи 11 июл гуфт, ки "ин хостаи мо дар пайи дарёфти нома аз Хадамоти беҳдоштии Русия дар ин авохир, ки ба манъи интиқоли меваи хушк тавассути мусофирон таъкид дорад, сурат гирифтааст."
Ба гуфтаи Комилов, дар нома зикр шудааст, ки дар ин авохир интиқоли меваи хушк тариқи ҳавопаймо аз мусофирони фурудгоҳи Кӯлоб бештар ба мушоҳида мерасад. Дар ҳоле, ки ба иттилои Хадамоти беҳдоштии Русия, ҳамакнун ин гуна маворид аз мусофирони фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ба назар намерасад.
Масъулони фурудгоҳи Кӯлоб мегӯянд, ки номаи Хадамоти беҳдоштии Русия бо имзои Геннадий Онишенко, раиси ин хадамот расидааст. Дар ҳамин ҳол, фурудгоҳи Кӯлоб, ки соли 2006-ум ба фурудгоҳи байналмилалӣ табдили ном кардааст, дар пайи бозрасии ширкатҳои байналмилалӣ аз лиҳози девораҳои муҳофизатӣ ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯ набудааст. Алӣ Комилов, раиси фурудгоҳ мегӯяд, хулосаи ин бозрасӣ он аст, ки фурудгоҳ бояд бо девораҳои амниятӣ таъмин бошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷаноби Комилов, барои таҷдиду бозсозӣ ва ба стандартҳои аврупоӣ ҷавобгӯ кардани фурудгоҳи Кӯлоб ба 10 миллион доллар ниёз аст.
Аз фурудгоҳи Кӯлоб бар иловаи парвозҳои дохилӣ, ҳамчунин парвозҳо ба Русия, Қазоқистон ва гоҳе ба Чин анҷом мешавад.
XS
SM
MD
LG