Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатлон. 21 парвандаи марбут ба ифротгароӣ дар 6 моҳ


Додситонии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 12 парвандаи ҷиноятиро нисбати 21 сокини ин минтақа боз кардааст. Анвар Назаров, ёвари калони Додситонии вилояти Хатлон рӯзи панҷшабеи 11--уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин парвандаҳо тибқи моддаҳои 189, 187 ва 307 -и Кодекси чиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла узвият дар созмонҳои мамнуъ чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ташкили иттиҳодияҳои ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Назаров, 15 тан аз афроде, ки ба ифротгароӣ мутаҳҳам мешаванд, сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд. Аммо ин мақоми додситонӣ мегӯяд, 5 тани дигар аз ҷиноякорон дар пайгард қарор доранд. Вай гуфт, ки то кунун 4 парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудаанд.

Зимнан, соли гузашта 8 парвандаи ҷиноятӣ ба иттиҳоми ифротгароӣ нисбати сокинони ноҳияи Кабодиён боз ва онҳо муҷозот шуда буданд. Тибқи иттилои мақомоти додситонӣ, ин афрод дар узвият ба Ҳаракати Исломии Узбакистон, як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон муҷрим шинохта шудаанд. Мақомот иддао доранд, ки аксари инҳо ҷавонон ҳастанд ва онҳое мебошанд, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва аз сӯи гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб мешаванд. Баъдан ин ҷавонон бо баргаштан ба зодгоҳи худ ақоиди ифротгароиро дар миёни дигарон таблиғу ташвиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG