Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Русия даҳҳо гувоҳиномаи ҳаққи шаҳрвандиро рад кардааст


Дар пушти дарвозаи сафорати Русия
Дар пушти дарвозаи сафорати Русия

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз қабули сертификатҳое, ки Донишгоҳи славянӣ ба хоҳишмандони дарёфти шаҳрвандии он кишвар додааст, худдорӣ менамояд.

Даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки бахши консулии сафорати Русия дар Тоҷикистон сертификатҳое, ки барои дарёфти шаҳрвандии Русия аз Донишогоҳи славянӣ гирифтаанд, қабул намекунад ва тайи чор моҳ мешавад, ки онҳо миёни консулгарӣ ва Донишгоҳи славянӣ сарсон ҳастанд. Донишгоҳи славянӣ тайи шаш соли ахир бо дархости сафорати Русия барои дониши забони русӣ ҷиҳати дарёфти шаҳрвандии он кишвар, аз хоҳишмандон имтиҳон гирифта, барои онҳо сертификат медиҳад.

Хусрав Шанбезода, муовини ректори Донишгоҳи славянӣ рӯзи панҷшанбеи 11 июл бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки бо шикояти сафорати Русия онҳо коди сертификатро иваз карданд, аммо бо сабабҳои номаълум тайи се моҳи ахир аз қабули сертификат сарпечӣ мекунанд: «10 рӯз қабл ректори мо бо сафири Русия дар ин масъала мулоқот карданд ва ҷаноби сафир гуфт, ки ҳеҷ масъала нест, сертификатҳоро қабул хоҳанд кард, лекин бубинед, пас аз ваъдаи сафир ҳам сертификатҳоро намепазиранд.»

Ҳоло Донишгоҳи славянӣ то замони пайдо кардани роҳи ҳал, додани сертификат ба шаҳрвандонро манъ кардааст. Ҷаноби Шанбезода афзуд, ки ним сол қабл сафорат сертификатҳои донишгоҳро бо баҳонаи куҳна будани коди он баргардонд, вале Донишгоҳи славянӣ ба Вазорати маорифи Русия муроҷиат кард ва идораи «ГОСЗНАК»-и ин кишвар барои сертификат коди нав дод ва то моҳи апрел сертификатҳо бидуни ҳеҷ мушкиле қабул мешуданд: «Мо воқеан ҳайронем, зеро сертификатҳои мо сад дар сад қонунӣ ва мувофиқи стандартҳои Русия ҳастанд, аммо консулгарӣ рад мекунад.»

Дар бахши консулии сафорати Русия дар посух ба суоли "Озодӣ" гуфтанд, ки воқеан дар сертификатҳо нуқс ҷой дорад, вале сабаби онро ба Донишгоҳи славянӣ ҳавола карданд, зеро ба гуфтаи онҳо ин масъала ба Донишгоҳ таалуқ дорад. Намояндаи консулгарии Русия аз шарҳи бештари масъала худорӣ кард

Аъзам Мирхоҷаев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз афроде, ки дар назди консулгарии Русия бо сертификати Донишгоҳи славянӣ мунтазири посухи консулгарӣ истодааст ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи вай тақрибан 50 нафар корафтодагон қарор доранд ва консулгарии Русия ба онҳо ҷавоби рад дода сертификатро қабул накарданд: «Мо барои сертификат имтиҳон супурдаем ва 300 сомонӣ пардохтаем, Шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи славянӣ расман ба мо сертификат додаст, лекин чор моҳ мешавад, ки консулгарӣ онро қабул надорад ва аз ҳамин сабаб ҳуҷҷатҳои моро барои дарёфти шаҳрвандии Русия қабул намекунанд.»

Соҳиб Рӯзиев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки то моҳи апрели соли равон бидуни мушкил консулгарӣ сертификатҳоро қабул мекард, аммо аз 1-уми апрел бо ҳар баҳона сертификатро бармегардонад: «Ман метарсам, ки рақами сертификатамро бигӯям мумкин аст аз рӯи рақами он аслан ба ман шаҳрвандӣ надиҳанд, лекин шумораи сертификатҳо аз 4 ҳазор гузаштааст мехоҳам бигӯям ҳамин қадар одамон дар даст сертификат наметавонанад шаҳрвандии Русия дарёфт кунанд.»

Вай мегӯяд, ки ҳар субҳ садҳо нафар дар назди консулгарӣ ҷамъ мешаванду навбат мепоянд ва баъди посухи рад гирифтан, асабонӣ ба хонаҳояшон бармегарданд.

Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар як соли охир тақрибан 5 000 сокини Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд. Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, дар як соли охир беш аз се ҳазор сокини вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Дар бораи сокинони вилояти Суғду Бадахшон барои пазируфтани шаҳрвандии Русия иттилои дақиқ дар даст нест, аммо ин рақам ҳам то 2000 нафар тахмин зада мешавад.

Асосан афроде ба гирифтани душаҳрвандӣ ноил мегарданд, ки забони русиро хуб медонанд ва соҳиби ихтисосе ҳастанд, ки метавонад рӯзгори онҳоро дар Русия таъмин кунад. Гуфта мешавад, аксари онҳо пизишк, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва муаллимонанд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР БО АКСҲО ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД
XS
SM
MD
LG