Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боронгариҳо дар Чин боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд


Дар вилояти Сичуани Чин бар асари ярч, ки паёмади боронҳои шадиди рӯзҳои ахир аст, аз 30 то 40 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар минтақаи офати табиӣ корҳои ҷустуҷӯиву наҷотбахшӣ идома доранд.

Рӯзи сешанбе дар ҳамин вилоят як купрук фурӯ рехт, сарнавишти 12 нафар аз сокинони маҳаллӣ номаълум аст.

Дар вилоятҳои Сичуан ва Юнънан бар асари обхезӣ садҳо манзили зист хароб шуда ё осеб дидаанд. Беш аз 36 ҳазор нафар ба манотиқи амн кӯчонида шуданд.
XS
SM
MD
LG