Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии Миср ҳукми ҳабси Бадеъро содир кард


Додситонии кулли Миср барои ҳабси раҳбари “Ихвон-ул-мусилимин” Муҳаммад Бадеъ ва нӯҳ раҳбари дигари ҷунбиш дастур содир кард. Онҳо дар таҳрик додан ба хушунат, ки бар асари он дар задухӯрди канори пойгоҳи горди ҷумҳурӣ дар Қоҳира беш аз 50 нафар ба ҳалокат расиданд, айбдор мешаванд. Ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар ин ҳодиса низомиёнро муттаҳам хондаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе нахуствазири Миср Ҳозем ал-Баблавӣ ба хотири таъсиси ҳукумати нав музокирот бо аҳзоби сиёсии кишварро шурӯъ намуд. Баблавӣ мехоҳад дар кобинаи нав ба “Ихвон-ул-муслимин” ҳам чанд мақомро пешниҳод кунад. Аммо ҷонибдорони Мурсӣ аз фаъолият дар ҳукумати нав сарпечӣ кардаанд.

Дирӯз раҳбари муваққати Миср Алдӣ Мансур собиқ вазири молия Ал-Баблавиро нахуствазир ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Муҳаммад ал-Барадеиро муовини раисиҷумҳур дар умури байнулмилалӣ таъин кард.
XS
SM
MD
LG