Пайвандҳои дастрасӣ

Сухангӯи Таҳрики Толибонро аз мақом барканор карданд


Дафтари "Толибон" дар Қатар

Дафтари "Толибон" дар Қатар

Ҷунбиши Таҳрики Толибони Покистон сухангӯи худро барои нороҳат кардани толибони афғон аз мақом барканор кардааст. Дар як хабари ахиран аз манотиқи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ расида гуфта шудааст, сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон Эҳсонуллоҳ Эҳсон охирҳои моҳи гузашта баъд аз изҳороте аз мақом барканор шуд, ки таъсиси дафтари Толибони афғон дар Қатар ба Таҳрик ҳеҷ дахле надорад.

Бар пояи хабарҳо, фармондеҳ Шайх Мақбул Орақзай намояндаи расмии Таҳрики Толибони Покистон таъин гардид.

Таҳрики Толибони Покистон баъд аз марги муовини раҳбараш Валӣ ур-Раҳмон Масъуд бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ар моҳи мйаи соли равон ба моҷароҳои дохилӣ мувоҷеҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG