Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Пхенян ва Сеул оид ба Каэсон идома мекунад


Дар Кореяи Шимолӣ музокироти ҳайатҳои Пхенян ва Сеул оид ба шартҳои эҳёи фаъолияти маҷмааи саноатии Каэсон бенатиҷа поён ёфт. Раҳбари ҳайати Кореяи Ҷанубӣ Со Хо хабар дод, ки ҷонибҳо гуфтушунидро рӯзи 15 июл идома медиҳанд. Ҷонибҳо дигар мушкилҳоро низ баррасӣ карданд. Ҳайати Кореяи Ҷанубӣ барои баррасии мавзӯи пайвастани хонаводаҳои бар асари ҷанг ҷудоуфтода розӣ шуд, аммо аз муҳокимаи мавзӯи эҳсёи сафарҳои сайёҳон ба фароғатгоҳи кӯҳӣ дар Каэсон сарпечӣ кард.

Рӯзи чаҳоршанбе гурӯҳи соҳибкорон аз Кореяи Ҷанубӣ ба хотири ошноӣ бо вазъи таҷҳизот аз маҷмааи Каэсон дидан кард. Соҳибкорон аз он ҳарос доранд, ки таҷҳизот бар асари боронгариҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.

Маҷмааи Каэсон, ки дар қаламрави Кореяи Шимолӣ, дар марзи миёни ду кишвар, ҷойгир аст, охирҳои моҳи апрел, замони танишҳо миёни Пхеняну Сеул, баста шуд ва бар асари ин тақрибан 50 ҳазор коргарон, асосан аз Кореяи Шимолӣ, бекор монданд. Сеул аз Пхенян хостори кафолати он шудааст, ки маҷмаа дубора баста нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG