Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири муваққати Миср бо раҳбарони сиёсӣ мулоқот мекунад


Ҳозим Бебловӣ
Ҳозим Бебловӣ
Ҳозим Бебловӣ-нахуствазири ҳукумати муваққати Миср ба нақша гирифтааст, ки рӯзи чаҳоршанбе бо раҳҳбарони озодихоҳи сиёсӣ мулоқот кунад, зеро вай мехоҳад, ки кобанаи нави давраи гузорро ташкил кунад. Ҳафтае пеш баъд аз тазоҳуроти эътирозии сартосарӣ низомиён Муҳаммад Мурсиро аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ барканор карданд.

Адлӣ Мансур-раиси ҷумҳури муваққат рӯзи душанбе Ҳозим Бебловӣ-вазири молии пешин ва иқтисоддонро нахуствазир ва Муҳаммад Бародеӣ-дипломати СММ-ро муовини раиси ҷумҳур дар умури байналмиллалӣ таъйин кард.

Сухангӯи Адлӣ Мансур гуфт, ки дар кобина ба гурӯҳи исломгароён аз Ихвонулмуслимин, яъне аз ҳизби Озодӣ ва Адолати Муҳаммад Мурсӣ низ мақомҳо дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол Додситони кулли Миср дастури боздошти раҳбари рӯҳонии Ихвонулмуслимин ва 9 нафари дигарро содир кардааст, ононе, ки гӯё хушунатҳоро таҳрик кардаанд ва дар он 50 нафар ҷонибдорони Ихвонулмуслимин кушта шудаанд,
.
XS
SM
MD
LG