Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости фаъолони ҳуқуқи башари Қирғизистон аз муассисоти молӣ


Шӯрои дифоъ аз ҳуқуқи башари Қирғизистон аз муассисоти молии байналмиллалӣ даъват кард, ки то замони аз боздошт раҳо шудани як фаъоли ҳуқуқи башар аз кӯмакҳои молӣ ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе эъломияе ба нашр расид.

Дар ҳамин рӯз Ҷонторо Сотиболдиев-нахуствазири Қирғизистон дар Маҷмаи байналмиллалии кишварҳои кумаккунанда дар Бишкек эълон кард, ки Қирғизистон ба бештар аз 10,5 миллиард доллар ниёз дорад, то тарҳҳои миллии худро иҷро кунад.

Ҳоло Азимҷон Аскаров-раиси гурӯҳи ҳуқуқи башар бо номи “Воздух” яъне “Ҳаво” барои нақши худ дар даргириҳои қавмии миёни қирғизҳо ва узбакҳо дар соли 2010 дар зиндон ба сар мебарад ва ба ҳабси абад маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG