Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои ду ҷавон барои як духтар ва эътирози зидди чеченҳо дар Пугачёв


Баъд аз қатли Руслан Маржанов - як сарбози 21-солаи нирӯҳои десантии Русия дар шаҳри Пугачёви вилояти Саратов эътирозҳои мардуми маҳаллӣ тақрибан 4 рӯз давом кард.

Гумон меравад, ки Маржановро шоми 5 июл Алӣ Назаров – як навраси 16-солаи чечен куштааст. Рӯзи 7 июл баъд аз дафни Маржанов хешовандон ва дӯстони вай, тақрибан 100 нафар ба сӯи шаҳри Пугачёв раҳсипор шуданд, то аз хешовандони Алӣ Назаров интиқом бигиранд. Вале пулис аз ин пешгирӣ кард.


Танишҳои қавмӣ дар Саратови Русия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Баъд аз он ду рӯзи дигар ҳамоишҳои эътирозӣ давом кард ва нирӯҳои миллатгаро ба эътирозҳо пайваста, ихроҷи чеченҳо ва боқӣ мардумони ғайр аз ин минтақаро тақозо карданд. Раҳбарони вилояти Саратов бо эътирозгарон мулоқот ва аз онҳо даъват карданд, ки ба тазоҳуроти худ хотима диҳанд ва ин ҳодиса дар чаҳорчӯбаи қонун бояд ҳал шавад.


Эътирози зидди чеченҳо дар Пугачёв
Эътирози зидди чеченҳо дар Пугачёв
Дар ҳар сурат, ҷамъияти чеченҳо як қисми ҷавонони хунгарми чеченро аз Пугачёв бароварда, дар шаҳр фурӯши машруботро ҳам сахт маҳдуд кардаанд.

Моҷарои Руслан Маржанов бо навраси 16-солаи чечен барои духтаре сар задааст, ки Маржанов дӯст медошт. Ин ду нафар якдигарро аз тарабхона ба берун ба қавле ба “ҷанги тан ба тан” даъват кардаанд ва ҷавони чечен бо корди ҷарроҳӣ ба Маржанов зарба задааст. Ҳоло бо дахолати пулис ва мақомоти маҳаллӣ эътирозҳо дар Пугачёв хотима ёфтааст.


Дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ Бегиҷон Раҷабов - раҳбари минтақаии “Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия” дар вилояти Саратов гуфт: “Эътирозҳоро дирӯз пароканда карданд. Ҳама аз Пугачёв баромада рафтанд. Мақсадашон ин буд, ки мардуми ғайрирус баромада равад.”

Фаррух Мирзоев - раиси Анҷумани созмонҳои миллӣ-фарҳангии вилояти Свердлов, ки ба гуфтаи худаш, фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони Саратовро низ назорра мекунад ва бо таҳаввулоти ахир дар шаҳри Пугачёв низ ошност, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Анҷумани онҳо аз оғоз то ҳол вазъро зери назар доранд ва ин куштор заминаи миллӣ надорад, балки баъзе нирӯҳои миллатгаро мехоҳанд ба он ҷомаи миллӣ ва сиёсӣ пӯшонанд.


Фаррух Мирзоев: Ба ҷанҷоли ду ҷавон либоси миллӣ пӯшонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим


Мирзоев: Ин ҳодиса ягон заминаи сиёсӣ надорад. Ин дар шабнишинии ҷавонон рух дод ва барои як духтар будааст. Вале ҳама рафту ба талабҳои миллатгароёна ва талаби ихроҷи мардуми ғайрирус аз шаҳри Пугачёв печид.

Озодӣ: Маъмулан дар чунин ҳодисаҳо баъзе тундгароён ҳам сар мебардоранд ва муборизаро бар зидди миллатҳои ғайр шурӯъ мекунанд. Оё баъди ин ҳодиса ба мардуми ғайрирус таҳдид кардаанд?

Мирзоев:
Бале, ин ҳодиса таъсири худро мерасонад ва ба сабаби он ки баъзе сомонаҳо ташвиқоти миллатгароӣ мебаранд ва мехоҳанд, ки чунин ҳодисаҳоро ба манфиати худ истифода баранд. Як мисоли дигар. Дар шаҳри Екатеринбург ҳам ду рӯз пеш як ҷавони узбак кӯдаки 4-соларо ногаҳон бо мошин зер кард. Баъзе нирӯҳо дар байни мардуми маҳаллӣ хостанд, ки бо истифода аз ин ошӯб бардоранд. Вале ҳукуматдорон пеши роҳашонро гирифтанд. Ҳоло он ҷавони узбакро боздошт карда, ба мардум гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ягон ҷанҷоли қавмӣ нест, балки як фалокат буд.

Озодӣ: Оё дар моҷарои ахир ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст?

Мирзоев:
Мо то ҳоло кӯшиш кардаем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба чунин дасисаҳо ва ба эҳсосот дода нашаванду бар зидди миллатҳои дигар гап назананд ва аз чаҳорчӯбаи қонун берун набароянд.

Озодӣ: Ва мақомоти маҳаллӣ баъд аз ин ҳодиса барои пешгирӣ аз нифоқҳои байнимиллӣ тадбирҳо андешидаанд?

Мирзоев
: Раиси вилояти Саратов худаш ба ҷои ҳодиса омада, бо эътирозгарон мулоқот дошт. Ҷонишини вай ҳам дар он ҷост. Ҳатто падари Маржанов ба мардуми ҷамъшуда муроҷиат кард ва гуфт, ки ташвиқот набаранд, дар байни миллатҳо нифоқ наандозанд. Падари Маржанов ҳам фаҳмидааст, ки баъзе нирӯҳо талош доранд аз ин ҳодиса истифода баранд. Мардуми чечен ё мардумони дигари Қафқоз, ки дар хоки Русия мебошанд, шаҳрванди Русия ҳастанд ва онҳоро аз ягон шаҳр берун кардан мумкин нест. Ин кор зидди Қонуни Асосӣ мебошад. Агар онҳоро пеш кунанд, мубориза дар саросари Русия барои миллатгароён осонтар мешавад.

Ҳоло бо истифода аз ин ҳодиса, ки ангезаҳои миллӣ надорад, миллатгароён эълон кардаанд, ки 11 июл дар шаҳри Пугачёв эътирози пурҷамъият баргузор хоҳанд кард. Миллатгароён барои ширкат дар ин тазоҳурот телефонӣ ва ё бо эълон дар сомонаҳои худ якдигарро даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG