Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Олимова: «Бозори журналистикаи чопӣ маҳдуд шудааст»


Рухшона Олимова.
Рухшона Олимова.

Нахустин давраи омӯзишии мактаби журналистикаи чандрасонӣ поён ёфт ва хатмкунандагони ин мактаб соҳиби сертификат шуданд.

Сӯҳбати мо бо Рухшона Олимова, ҳамоҳангсози барномаи воситаи ахбори умуми Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон перомуни ин мактаб ва таъсири он ба журналистикаи тоҷик сурат гирифт.

“Озодӣ”: Рухшона, чаро зарурати ташкили чунин мактабе ба миён омадааст?

Рухшона Олимова: Зарурат дар додани донишҳои наву тоза ва хеле актуал буд. Аслан, чандрасонаӣ як ҷараёни ҷаҳонист. Шояд мо дар омӯзондани бачаҳо дар ин самт як қадар дер ҳам кардем. Ман хеле хушҳол ҳастам, ки раёсати мо ва мушовирони барнома ин ғояро дастгирӣ карданд ва имкон фароҳам оварданд, ки мо на фақат журналистони ҷавонро ба ин давраи омӯзишӣ ҷалб созем, балки чанд тан фаъолони интернетро ҳам ба хотири омӯзондан ва дониши нав додан дар самти чандрасонаӣ ба ин мактаб даъват кунем. Ҳайат барои омӯхтани дониши нав хеле омода буд. Мо ҷараёни ҷаҳонӣ, бозори дохилӣ ва маводи чопию электрониро таҳлил карда ба хулоса омадем, ки дар Тоҷикистон маводи чандрасонаӣ қариб вуҷуд надорад. Онҳо ё маводи сирф телевизионӣ ҳастанд ё радиоӣ, ё чопӣ. Он рангорангие, ки чандрасонӣ ба мо медиҳад, мутаассифона хеле кам ба назар мерасад.

“Озодӣ”: Ҷараёни омӯзишро чӣ баҳо медиҳед? Оё қонеъ ҳастед?

Рухшона Олимова: Ростӣ, ин барои мо як таҷриба буд. Вақте бист рӯз пеш мактабро мекушодем, ким-чӣ гуна тахмине доштем, аммо интизориҳои аниқ надоштем. Ҳадафи аслии мо он буд, ки раванди омӯзишро фароҳам оварем. Интизориҳои мо он аст, ки аз ҳамон бист нафаре, ки рӯзи аввал ба дарс омада буданд, қисми зиёдашон аз мураббиён ягон бардоште дошта бошанд. Вақте давраи омӯзиш ба поён расид ва ман баҳогузории бачагонро ба мактаб хондам, он замон қонеъ шудам. Чун қисми зиёдашон навиштаанд, ки мо қонеъ шудем, ё қисман қонеъ шудем ва он интизориҳое, ки доштем, гирифтем. Тавсияҳои бачаҳо низ барои беҳтар кардани ин модули омӯзишӣ бисёр ҷолиб аст. Ман аз баҳогузории ростқавлонаашон бисёр миннатдорам. Аз рӯи ин баҳогузории бачаҳо мо давраи дигари омӯзиширо шояд хубтару беҳтар кунем.

“Озодӣ”: Яъне, боз кадом паҳлӯҳоро мехоҳед ба назар гиред?

Рухшона Олимова: Мо мехостем бачаҳо чандон истироҳат накунанду дарс гиранд. Ва шояд аз ин хаста ҳам шуданд. Дар давраи дигар шояд дарсҳои ҳирфаӣ бештар бошанд. Бачаҳо мехоҳанд бештари дарсҳо амалӣ бошанд. Мо ин тавсияҳои бачаҳоро ба назар мегирем.

Хатмкунандагони мактаби чандрасонаӣ.
Хатмкунандагони мактаби чандрасонаӣ.
“Озодӣ”: Мегӯянд солҳои охир дар Тоҷикистон фарҳанги рӯзномахонӣ аз байн рафтааст. Фикр мекунед, дар солҳои наздик журналистикаи чандрасонаӣ ҷои воситаҳои ахбори маъмулиро мегирад?

Рухшона Олимова: Ман намедонам то чӣ андоза ба ин баҳогузорӣ метавон кард. Аммо як чизро аниқ гуфтан мумкин аст, ки имрӯз аудитория хеле дигар шудааст. Он аудиторияи рӯзномахоне, ки даҳ сол пеш, ҳатто панҷ сол пеш доштем, аллакай онро аз даст додаем. Талаботи аудитория дигар аст, вай мехоҳад мавод гуногуну рангоранг бошад. Мо ҳам муваззаф ҳастем мувофиқи талаботи аудитория иваз шавем. Журналистикаи чопӣ шояд аз байн намеравад, аммо бозораш хеле маҳдуд шудааст. Вақте имрӯз мегӯянд, теъдоди нашри рӯзномаҳо кам мешавад ва инро ба бӯҳрон вобаста медонанд, ман фикр мекунам, чандон дуруст нест. Шояд талаботи бозор дигар мешавад. Мардум дигар интизори рӯзи панҷшанбе баромадани рӯзномаҳо нест, дар ҳоле ки он иттилоъро аз Интернет хондан мумкин аст. Барои ин як ҳафта интизор шудан ҳоҷат нест. Аз чоп кардани рӯзномаҳои ҳаррӯза, рафтани оҷонсиҳои иттилоотӣ ба Фейсбук, нерӯманд кардани сомонаҳо манзур нигоҳ доштани аудитория аст. Фикри ман ҳамчун коршиноси матбуот он аст, ки аслан фарқ намекунад, ки шумо маводро дар чӣ шакл пешниҳод мекунед, муҳим он аст, ки шумо ҷавҳари суханро ба мардум гӯед. Ман намегӯям, ки чандрасонаӣ ҷои нашрияҳои чопиро мегирад. Ҳадафи мо он аст, ки ҷавононро омода кунем, то ҳангоми зарурат аз онҳо истифода намоянд.

“Озодӣ”: Пас, камбудии журналистони тоҷик дар чист? Чӣ гуна онро ба талаботи бозор мувофиқ кардан лозим аст?

Рухшона Олимова: Масъалаи асосӣ надоштани донишҳои нав ва ба технологияҳои муосир таслим нашудани воситаҳои ахбори мо аст. Ман мушоҳида мекунам, ки ду-се оҷонсӣ ё воситаҳои ахбор кӯшиш мекунанд бо технология наздикӣ дошта бошанд. Аммо аксари воситаҳои ахбор ин чизро қабул надоранд. Вақте назарияи чандрасонаиро мехонед, худаш ҳамин гуна аст, ки дар давраи аввал онро аслан қабул намекунед. Дар давраи дуюм онро қисман қабул мекунед, яъне танҳо сомонаро ҷорӣ мекунед, бо видео сарукор доштан намехоҳед. Вале марҳилаи дигар он аст, ки вақте шумо мебинед, дигарон аз шумо пеш рафтаанд, дар ҳолати руҳафтодагӣ қарор мегиред. Вале оқибат шумо онро қабул мекунед.

“Озодӣ”: Шояд бархе имкон надоранд?

Рухшона Олимова: Аслан, дар бораи худи чандрасонӣ дар Тоҷикистон мифҳо вуҷуд доранд. Яке аз мифҳо он буд, ки дар Тоҷикистон мураббиёни чандрасонаӣ нестанд. Аммо аз 14 мураббие, ки ба ин мактаб даъват шуданд, танҳо як нафарашон аз беруни Тоҷикистон, аз Қазоқистон буд. Боқӣ ҳама бо забони тоҷикӣ дар бораи ҷабҳаҳои гуногуни чандрасонӣ дарс гузаштанд. Ин пеш аз ҳама аз хоҳиши журналистон вобаста аст. Хостан тавонистан аст. Вале бояд гузаранд, илоҷи дигар надоранд. Чун журналистика наметавонад ҳамеша як хел бошад.

“Озодӣ”: Оё дар журналистикаи тоҷик табодули насл ба вуқӯъ пайвастааст ва агар чунин бошад, натиҷаи он ва таъсири он ба иҷрои рисолати хабарнигорӣ дар кишвар чӣ гуна будааст?

Лаҳзае аз ҷараёни дарс.
Лаҳзае аз ҷараёни дарс.
Рухшона Олимова: Аслан, бештари бачаҳое, ки ба мактаби мо ҷалб шуданд, зодагони охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадум буданд. Дар ҳамаи наслҳо ҳастанд онҳое, ки умуман тасаввурот надоранд, ҳастанд онҳое, ки кӯшиш доранд як чизе пайдо кунанд ва ҳастанд онҳое, ки аллакай чизе гирифтанд. Аксари бачаҳое, ки дар мактаби мо буданд, кӯшиши гирифтани як чизи тоза доштанд, онҳо мехоҳанд сатҳи касбияташонро баланд бардоранд. Онҳо дар матбуот кор мекунанд ё фаъолони интернет ҳастанд. Ин ҷавонон аллакай холигиеро эҳсос кардаанд, матбуоти моро бо дигар кишварҳо қиёс мекунанд, ки чаро онҳо метавонанду мо не. Ман ҳам дар маросими ҷамъбастии мактаб гуфтам, ки вақте имзои шуморо дар поёни маводатон мебинем, бояд аз коставу яктарафа буданашон шарм надорем.

“Озодӣ”: Бархе мегӯянд, матбуот ва расонаҳои мо ба ҷойи пайванд кардани ҷомеа, баръакс нақши ҷудоиандозиро мебозанд. Назари Шумо чист?

Рухшона Олимова: Стандартҳои журналистӣ ҳамеша як буданд, баъди панҷоҳ сол ҳам ҳамонҳо мемонанд ва онҳоро касе бекор накардааст. Рӯзномаҳои ҷиддӣ кодекси кори худро доранд, ки он дар асоси ана ҳамон стандартҳо таҳия шудаанд. Онҳое, ки ҷудоӣ меандозанд, шояд аз ин кодекси касбии журналист истифода намекунанд. Вақте чунин сару садоҳо ба вуҷуд меоянд, шояд чунин мавод ҳам ҷой дошта бошад. Аммо аудитория он аудиторияе нест, ки ӯро гӯл задан осон бошад. Агар журналисте меандешида бошад, ки бо як матлаб дунёро дигар кард, ин танҳо худфиребист. Он имконе, ки Интернет барои мову шумо фароҳам меорад, беохир аст. Ҳар сония шумо имкони иттилои тоза гирифтанро доред. Ҳар матлабе, ки барои шумо шубҳа эҷод мекунад, метавонед ба Интернет ворид шавед ва худ хулоса бароред. Мегӯянд, на ҳама аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба Интернет дорад, аммо дар деҳкадаҳо ҳам аз Интернети мобилӣ ҳама истифода мебаранд.

“Озодӣ”: Дар самти кӯмак ба рушди журналистикаи тоҷик боз чӣ нақшаву тасмимҳо доред?

Рухшона Олимова: Мо дурнамо дорем, ки пеш аз ҳама роҳандозӣ кардани тарҳҳои омӯзиширо фаро мегирад. Мо фикр мекунем, ки ниёзи асосӣ на ба маблағ, балки ба дониш аст. Чунки агар дар тими шумо журналистони касбӣ фаъолият кунанд, шумо метавонед соҳиби маблағ шавед. Агар сатҳи дониши тахассусии кормандон паст аст ва менеҷерон ҳам намедонанд, ки дар ин бозор чӣ гуна пул кор кардан мумкин аст, барояшон душвор мешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо пешниҳод кардани грантҳо ҳам ягон маънӣ надорад. Бояд менеҷерон, сармуҳаррирон, мудирони шуъбаи тиҷоратӣ дуруст ба ин чиз сарфаҳм раванд. Мо як тарҳе пешниҳод кардаем, ки давоми мантиқии журналистикаи чандрасонаӣ аст ва барои ҷалби менеҷерҳо ба давраи омӯзишӣ равона шудааст. Зеро то худи сармуҳаррирону менеҷерҳо надонанд, ки чандрасонаӣ чӣ аст, корашон пеш намеравад.

Ифтитоҳи Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00
XS
SM
MD
LG