Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 0 то 100: Сенарияҳои Амрико барои Афғонистон


Ҷей Карнӣ
Ҷей Карнӣ

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки баъди соли 2014 чӣ теъдоде аз нирӯҳои Ийолоти Муттаҳида дар Афғонистон боқӣ мемонанд.

Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ рӯзи 9 июл гуфт, дар байни сенарияҳое, ки Обама дар робита ба хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон баррасӣ мекунад, фарзияи хуруҷи комил низ истисно нест: “Фарзияи хуруҷи комил ҳамеша матраҳ буд ва ин як бахши равандест, ки на ба теъдоди нирӯ, балки ба ҳадафҳои сиёсӣ ва чӣ гуна беҳтар анҷом додани кор тамаркуз мекунад. Агар мо ба қароре бирасем, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ нирӯеро дар Афғонистон боқӣ гузорем, пас бояд бидонем, ки дар робита ба ин нирӯ мо бояд бо ҳукумати Афғонистон чӣ гуна қарордод дошта бошем?”


Сенарияҳои аз 0 то 100-и Амрико дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00
Линки мустақим


Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки ҳаҷму андозаи ҳузури низомии Ийолоти Муттҳаида баъди соли 2014 дар Афғонистон бо ҳукумати ин кишвар матраҳ хоҳад шуд. Ин шарҳи Ҷей Карнӣ ба думболи гузоришҳои матбуотиест, ки мегуфтанд, дар пасманзари таниши Обама ва маъмурияти раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, Ийолоти Муттаҳида дар фикри тасмимест, ки соли оянда нирӯҳои худро батамом аз Афғонистон берун бикашад.

Аз сӯи дигар, Аймал Файзӣ, сухангӯи Ҳомид Карзай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи хуруҷи комили нирӯҳои Амрико аз хоки Афғонистон матраҳ нашудааст. Аймал Файзӣ гуфт, ин мавзӯъ ҳеҷ гоҳ дар баҳсҳои байни Вашингтон ва Кобул дар миён набуд ва гузориши нашрияи “Ню Йорк Таймс” бо ҳадафи фишор ба Афғонистон ва афкори умум нашр шудааст. “Мо шарти худро ба ҳукумати Амрико пешниҳод кардем ва гуфтем, ки тасмими ниҳоӣ бо мардуми Афғонистон, яъне бо Ҷиргаи миллӣ аст,” – афзуд сухангӯи Карзай.


Дафтари Толибон дар Қатар
Дафтари Толибон дар Қатар
Карнӣ ҳамчунин масъалаи баҳсҳо дар атрофи дафтари Толибон дар Қатарро шарҳ дод ва гуфт, ки Ийолоти Муттаҳида ба пешбурди гуфтугӯи сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон содиқ мемонад. Рӯзи сешанбе Толибон дафтари худро дар Доҳа муваққатан баст. Мақомоти Толибон гуфтаанд, ки баста шудани дафтари онҳо дар Қатар ба нишони эътироз ба барчидани парчам ва навиштаҷот бо номи расмии ин ҳаракат, яъне “Аморати Исломии Афғонистон”, аст.

Дар дафтари Толибон дар Қатар насб шудани рамзҳои марбут ба давлате ки Толибон дар нимаи дувуми солҳои 90 дар Афғонистон сохта буданд, ҳукумати Карзайро нороҳат кара, ин шубҳаеро ҳам ба миён овард, ки шояд ин рамзҳо барои таъсиси давлати Толибон дар табъид истифода шавад.
XS
SM
MD
LG