Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Русия манъи ҳиҷоб дар мактабҳоро дуруст мешуморад


Додгоҳи Олии Русия аз дархости вилояти Ставропол дар бораи мамнуъ эълон кардани ҳиҷоб дар мактабҳои вилоят ҷонибдорӣ кард. Дар ин вилоят миллиятҳои гуногун ба сар мебаранд. Мурод Мусоев-вакили мудофеи хонаводаҳои мусулмон, ки бар зидди ин тасмими вилоят ба Додгоҳи Олии Русия муроҷеа карда буд, изҳор дошт, ки бар зидди ин тасмими додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Тирамоҳи соли гузашта раиси вилоят дар бораи либоси ягонаи мактабӣ дастур содир карда буд. Баъд аз он баъзе хонаводаҳои мусулмон шикоят карданд, ки духтарони онҳоро бо ҳиҷоб ба мактаб роҳ надодаанд.

Дар ин дастур пӯшидани ҳар гуна либоси мазҳабӣ ё дорои нишонаҳои мазҳабӣ мамнуъ эълон шудааст. Дар дастур ҳамчунин пӯшидани либосҳои ғайрирасмӣ ва кафшҳое, ки баландии пошнаи онҳо бештар аз 7 сантиметр аст, мамнуъ дониста мешавад.

Додгоҳи вилояти Ставропол гуфта буд, ки муаррифии либоси мактабӣ заминаи қонунӣ дорад.
XS
SM
MD
LG