Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони лағви лимити барқ дар минтақаи Кӯлоб


Идораи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки эҳтимол дорад реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистони имсол аз байн бардошта шавад. Мирзо Исмоилов, сардори Идораи шабакаҳои барқи минтақаи Кулоб рӯзи чоршанбеи 10-уми июл зимни ниашсти хабарӣ гуфт, ки "захираи оби нерӯгоҳи Норак бештар шудааст ва ҳамчунин тавлиди нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2" афзоиш пайдо кардааст, ки ба ин далел имкон дорад, мардуми минтақаи Кӯлоб маҳдудияти неруи барқ сурат нагирад."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ҷаноби Исмоилов, тавлиди нерӯи барқ дар ҳоли ҳозир ба маротиб афзоиш ёфта ва имкони фурӯши он ба хориҷи кишвар вуҷуд дорад. Аммо ин мақоми шабакаи барқи минтақаи Кулоб гуфт, ки ҳарчанд аз хати интиқоли барқи "Лолазор - Хатлон" имкони фуруши нерӯи барқ ба хориҷи кишвар. ба вижа Афғонистон вуҷуд дорад, аммо мутаассифона то кунун симчӯбҳо насб нашудаанд. Зимнан, ба таъкиди масъулони Идораи шабакаи барқи минтақаи Кӯлоб, сокинони ин минтқа дар шабонарӯз беш аз 2 миллион киловатт соат нерӯи барқ мегиранд.
XS
SM
MD
LG