Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Поёни нахустин давраи омӯзишии "Мактаби чандрасонаӣ"


Бо поёни нахустин давраи омӯзишӣ аз фаъолияти "Мактаби журанлистикаи чандрасонаӣ" дар шаҳри Душанбе, 15 тан аз рӯзноманигорону хабарнигорони ҷавон соҳиби гувоҳнома ё сертификат шуданд.

Маросими расмии поёни давраи омӯзишии "Мактаби чандрасонаӣ" ва супоридани гувоҳномаҳо шоми сешанбеи 9-уми июл дар бинои дафтари Интернюс Нетворк дар шаҳри Душанбе бо ширкати масъулони Бунёди Сорос, дафтари намояндагии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон, тренерону шунавандагони ин мактаб баргузор шуд.

Рухшона Олимова, масъули робита бо ҷомеаи Бунёди Сорос аз фаъолияти нахустин давраи омузишӣи "Мактаби чандрасонаӣ"-ро изҳори қаноатмандӣ карда ва роҳандозии ин тарҳро дар ҷиҳати бархӯрдории рӯзноманигорони ҷавон аз журналистикаи чандарасонаӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Вай хитоб ба шунавандагони нахустин "Мактаби чандрасонаӣ" гуфт, ки "умедворам аз тренерону журналистони касбӣ, ки муддати қариб се ҳафта бо шумо буданд, таҷрибаи хубе андӯхтед ва онро минбаъд дар фаъолияти рӯзноманигории худ мавриди амал қарор медиҳед."

Хуршеди Ҳамдам, раҳбари дафтари намояндагии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон, зимни тақдими сертификат ё гувоҳномаҳо ба нахустин шунавандагони "Макгаби чандрасонаӣ" онҳоро табрик гуфт ва таъкид кард, ки "бо ширкат дар ин давраи омузишӣ, равзанаи тозаеро ба журналистикаи байналмилалӣ боз намудед."

Вай рӯзноманигорони ҷавонро ташвиқ намуд, то бештар ба журналистикаи ҳирфаӣ рӯ биоранд ва барои расидан ба аҳдофи баландтар дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ҷадал намоянд.

Зимнан, "Мактаби журналистикаи чандрасонаӣ" бо ибтикори Институти Ҷомеаи кушода-Бунёди Мадад (Бунёди Сорос) ва дар ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ ва Интернюс Нетворк дар се ҳафтаи қабл фаъол шуд.

Дар ин муддат 15 тан журналисти ҷавон, блогер ва фаъолони интернет аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар нахустин давраи омӯзишии ин мактаб ширкат карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин ҷавонон тариқи озмун аз миёни 43 нафар интихоб шуда буданд. Ба онҳо беш аз 10 тан мураббиён ва журналистони ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар машғулияти омӯзишии назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.

Ба ин тартиб, тибқи низомномаи "мактаби журналистикаи чандрасонаӣ" ду нафари беҳтарини мактаб аз ҷониби ҳайати мушовара муайян шуда ва барои коромӯзӣ ба Дафтари марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG