Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯянд, ҷиноятҳои интернетӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиши бесобиқаанд.

Мутахассисони фанновариҳои иттилоотӣ бар инанд, ки ҷиноятҳои интернетӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш доранд. Ин ақида дар ҳоле садо медиҳад, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се шаҳрванди ҷавони кишварро дар дуздии маблағи бузург бо истифода аз фанновариҳои интернетӣ гумонбар донист ва боздошт кард.

Барномасози компютерӣ, Нурулло Мавлонов, мегӯяд, вижагии киберҷинояткор дар ин аст, ки агар ӯ, ба истилоҳ, дуруст ва аз рӯи қоида «дуздӣ ва қаллобӣ» кунад, ҳеҷ гоҳ аз сӯи касе ошкор ва ё боздошт намешавад: «Бубинед, танҳо тариқи симкарта мешавад ҳазору як амалиёти бонкиро дар саросари олам роҳандозӣ кард. Шумо маблағи дуздиро аз захираи ягон бонк ё ширкат ба симкарта гузаронда, бо пули он маблағи мағозаҳои интернетӣ, ҳаққи фурӯшгоҳҳои воқеӣ, агар рақами симкартаи худро диҳӣ, пулро аз ҳисобат метавонанд бигиранд. Чаро ӯро наметавонанд ошкор кунанд? Зеро ӯ ягон қоидаро вайрон накардааст.»

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз рӯи бархе таҳлилҳо, сармояе, ки дар Тоҷикистон киберҷинояткорон ба даст меоранд, умдатан дар Русия нақд мешавад ва ҳам ба ҳисобҳое дар он кишвар гузаронида мешавад, ки ба номи ҳамтоёни киберҷинояткорон аст.

Сардори шӯъбаи амнияти иттилоотии раёсати мубориза бар ҷиноятҳои муташаккили ин вазорат Фирӯз Одинаев, дар робита ба боздошти ахир ба Радиои Озодӣ гуфт, ошкор кардани тамоми амалиёти қаллобон дар интернет то ҷое сиррри тафтишотӣ аст, аммо он чӣ ба ҷинояти марбут рабт дорад, ин аст, ки ин афрод маблағҳои виртуалии ширкатҳоро ба симкортҳо гузаронида, онҳоро нақд кардаанд: «Инҳо пулро бо роҳи хеле одӣ нақд мекунанд. Масалан, ба ягон дилери одӣ пешниҳод мекунанд, ки мо ба ту 10 ҳазор доллар маблағи виртуалӣ медиҳем, ту онро ба мо 7 ҳазор нақд карда деҳ. Ин маблағ ба ҳисоби дилер мегузарад, дилер онро ба муштариён мефурӯшад ва маблағро нақд мекунад.»

Дар ҳоле ки ин аввалин киберҷинояти калони фошшуда мебошад, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим дорад, ки як маркази вижаи мубориза бо ин навъи ҷиноятҳоро таъсис диҳад, чунки коршиносон афзоиши киберҷинояткорӣ дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд. Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 15 модда ба киберҷинояткорӣ рабт мегирад ва тайи ду соли охир аз рӯи ин моддаҳо 15 нафар маҳкум шуда, чанд парванда ҳоло дар дасти тафтишот аст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат мегӯяд, Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷӯраев ва Парвиз Назаров, ки аз 29 то 34 сол доранд ва ҳамагӣ сокини Душанбеанд, тайи як сол наздик ба 150 ҳазор доллари ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро аз худ кардаанд: «Онҳо 217 симкорти ширкати «Вавилон М»-ро ба маблағи 226 262,39 сомонӣ ва 217 симкорти ширкати «Индиго Тоҷикистон»-ро ба маблағи 101 298,66 доллари амрикоӣ истифода намуда, ба ширкатҳо ва давлат зарари калони моддӣ расонидаанд».

Ба ақидаи мақомоти тафтишотӣ, ин се ҷавон моҳҳои май- октябри соли 2012 дар Душанбе ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, як блоки системавӣ ва 6 дона USB - HUB бо 58 дона 3G модемро гузошта, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ ба системаи муҳофизатшавандаи ширкатҳо ворид шудаанд. Сипас аз дохили ин системаҳо онҳо ба шумораҳои муайян маблағ интиқол додаву дертар ин сармояро дар шакли нақд ба даст овардаанд.

Ҳар ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон хадамоти махсусеро барои ошкор кардани қаллобиҳо дорад, аммо масъулини ширкати «Вавилон» нахостанд ин мавзӯъро шарҳ диҳанд. Як корманди ин ширкат бидуни овардани ном гуфт, аз иттилои вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо чизе рӯшан нашудааст.


Мақомоти интизомии кишвар бештар аз он нигаронанд, ки ба киберҷиноятҳо ҷавонони ботарбияву босавод даст мезананд. Маҳз онҳо аз бонкҳо маблағ медузданд, ё траффикҳои сиёҳи робитаҳои мобилиро назорат мекунанд, ҳам дастрасӣ ба захираҳои ширкатҳои пардохти оҷил доранд, ки танҳо тариқи як компютеру чанд таҷҳизоти кумакрасон метавонанд дар хона нишаста, арақи ҷабин нарехта, касеро накушта, силоҳ истифода накарда, ҳазорҳо доллар маблағи бедардимиён ба даст оранд.

Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди пажӯҳишҳои ахир, манзараи киберҷинояткорӣ дар Тоҷикистон чандон рӯшан нест, чун дар ин самт ҳам мақомот таҷрибаи кам доранд ва ҳам худи ҷинояткорон дар ин ҷода навпо ҳастанд. Аммо суръати рушди фанновариҳо нишон хоҳад дод, ки густариши ин қабил ҷиноятҳо дар Тоҷикистон то куҷо хоҳад буд? Он ҳам дар ҳоле ки аксари кулли системаҳои компютерии ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷоратии кишвар аз ҳимояти қавӣ бархӯрдор нестанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG