Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсари котиби давлатии ИМА рӯ ба беҳбуд аст


Тереза Ҳейнтс Керрӣ ва Ҷон Керрӣ

Тереза Ҳейнтс Керрӣ ва Ҷон Керрӣ

Вазъи саломатии Тереза Ҳейнтс Керрӣ ҳамсари котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ беҳбуд ёфтааст.

Номбурда дар шифохонаи Бостон муолиҷа мешавад. Сухангӯи Керрӣ Глен Ҷонсон мегӯяд, вазъи сиҳҳии хонум Ҳейнтс Керрӣ муътадил аст.

Табибон иброз доштаанд, ки дар юисми ҳамсари котиби давлатии ИМА нишоне аз варами майнаи сар ва ё сактаи мағзӣ ё қалб ташхзис нашудааст.

Ҳейнтс Керрӣ рӯзи якшанбе ба шифохона интиқол ёфтааст.
XS
SM
MD
LG