Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қочоқчиён дар Қумсангир


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбе иттилоъ дод, ки
дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду қочоқчии мусаллаҳи маводи мухаддирро бо 33 килограмм ҳашиш дастгир намудааст.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакси Русия боздошти қочоқчиён дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар 160 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба қавли вазорат қочоқчиён ҳар ду шаҳрванди Афғонистон мебошанд. Бар иловаи маводи мухаддир аз дасти онҳо силоҳу муҳиммот мусодира шудааст.

Ҳамин манбаъ меафзояд, ки дар семоҳаи аввали соли 2013-ум ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон беш аз 2060 килограмм маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки назар ба ҳамин муддати соли 2012-ум беш аз 75 дар сад зиёдтар аст.
XS
SM
MD
LG