Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Ҳиндустон тасмим гирифтааст, рӯзи 14-уми августи соли равон дар чорчӯби омодагиҳо ба мусобиқаи Ҷоми иттиҳодияи футболи ҷануби Осиё бо дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қуваозмоии дӯстона барпо намояд.

Феълан Тоҷикистон дар раддабандии Иттиҳодияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар ҷои 106-ум ва Ҳиндустон дар ҷои 146-ум қарор доранд.

Мусобиқаи Ҷоми имсолаи иттиҳодияи футболи ҷануби Осиё аз 1 то 11-уми сентябр дар Непал доир хоҳад шуд.

Се сол пеш Ҳиндустон мизбонии мусобиқаро бар дӯш дошта, Ҷомро ҳам касб карда буд.
XS
SM
MD
LG