Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Бейрут касе ҷиддӣ маҷрӯҳ нашудааст


Мақомоти Лубнон хабари ҳалокати одамон бар асари инфиҷор дар мавзеи Байрулобод, воқеъ дар ҷануби шаҳри Бейрутро рад карда ва гуфтанд, ки 53 нафар ҷароҳат бардоштаанд.Ҳасан Халил, вазири ҳифзи сиҳати Лубнон гуфт, ки ҷароҳати нафаре аз онҳо ҷиддӣ нест. Мақомоти полис гуфтанд, ки чанд мошин ба коми оташ рафтааст.

Чанд ҳафта аз ин пеш ба ҷануби Бейрут ду мушак андохта шуд, ки боиси ҷароҳат бардоштани чандин нафар гардид.

Бархе аз гурӯҳҳои ошӯбгарони суриягӣ, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, баъди вориди ҷанг шудани ҷунбиши шиаҳои “Ҳизбуллоҳ”, таҳдиди зарба задан ба Лубнонро карда буданд. Чанд муассиса ва дафтари “Ҳизбуллоҳ”, ки яке аз нерӯҳои асосии сиёсии Лубнон маҳсуб мешавад, дар Байрулобод ҷойгир шудаанд.
XS
SM
MD
LG