Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ихвон-ул-муслимин" амри Адлӣ Мансурро напазируфт


Ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” амри раҳбари муваққати Миср дар бораи интихоботи нави парлумонӣ ва раёсатҷумҳуриро рад кард. Рӯзи душанбе кафили раёсатҷумҳурии Миср Адлӣ Мансур бо судури фармоне хостори он шуд, ки тайи ду ҳафта ба хотири вуруди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ нишасти Маҷмааи Қонуни асосӣ баргузор шавад. Бар пояи санад, моҳи феврали соли оянда интихоботи парлумонӣ доир мешавад ва баъд аз он санаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ мушаххас хоҳад шуд.

Рӯзи сешанбе дар Миср ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар маросими видоъ бо даҳҳо нафаре ширкат доштанд, ки рӯзи душанбе дар задухӯрдҳо дар канори қароргоҳи низомиён дар Қоҳира ба ҳалокат расиданд. Онҳо дар марги эътирозгарон низомиёнро айбдор мекунанд. Артиш, дар навбати худ, дар ин ҳодиса гурӯҳи ношиноси “террористҳои мусаллаҳ”-ро муттаҳам кардааст.

Ёдовар мешавем, шоми чаҳоршанбе, 3 июл, низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор ва Адлӣ Мансур, раиси додгоҳи Қонуни асосии кишварро раҳбари муваққати Миср таъин карданд.
XS
SM
MD
LG