Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиши мина дар Ҳирот 17 нафар ҷон бохтанд


Инфиҷори минаи сарироҳӣ дар ғарби Афғонистон боиси ҳалокати 17 нафар шуд. Шер Оғо Аликозай, раиси полиси вилояти Ҳирот, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи сешанбе рӯй дод ва дар минтақаи Обай як мотосикли мусофиркаш ба мина бархӯрдааст. Ба гуфтаи ӯ, ин минаро шояд Толибон барои низомиёни афғон гузошта буданд, ки як рӯз пеш бо онҳо дар ин минтақа вориди даргирӣ шуда буданд. Дар ин таркиш 13 зан, чаҳор тифл ва ронандаи мотосикл, ки аз як деҳа ба деҳи дигар мерафтанд, ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи Аликозай, дар ин ҳодиса панҷ деҳотии дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG