Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамроҳхон Зарифӣ вориди Австралия шуд


9 июл вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ сафари расмии худро дар Зеландияи нав анҷом дод ва озими Австралия шуд. Қарор аст, ки ӯ бо вазири тиҷорат – кафили вазири умури хориҷии Австралия, намояндагони бархе аз ширкатҳои бонуфузи кишвар ва ҷомеаи тоҷикони муқими Австралия дидору гуфтугӯ кунад.

Ин нахустин сафар дар сатҳи вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Австралия маҳсуб мешавад. Робитаҳои сиёсии миёни Тоҷикистон аа Австралия дар сатҳи рушд қарор доранд.

Аз ин пеш Ҳамроҳхон Зарифӣ дар шаҳри Окленди Зеландияи нав бо вазири умури хориҷии ин кишвар Мюрей Маккалӣ дидору гуфтугӯ дошт. Ба иттилои Раёсати иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот рӯи дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои энерҷӣ, кишоварзӣ ва ҷаҳонгардӣ тамаркӯз шуд. Вазирҳои ду кишвар масоили минтақаӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалиро ҳам баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG