Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи "Коста Конкордия" мавқуф гузошта шуд


Франческо Скеттино
Франческо Скеттино
Дар шаҳри Гроссетои Италия имрӯз мурофиаи додгоҳии капитан ё нохудои киштии сайёҳии "Коста Конкордия" Франческо Скеттино шурӯъ ва аммо билофосила, бар асари коршикании умумимиллии вакилони мудофеъ, то 17 июл мавқуф гузошта шуд. Ин киштӣ бо 4200 мусофир моҳи январи соли 2012 дар соҳилҳои ҷазираи Ҷилиё ба гил нишаст ва ғарқ шуд. 32 мусофири киштӣ ба ҳалокат расиданд.

Франческо Скеттино аз сӯи додситонӣ дар куштор бар асари беэҳтиётӣ ва қабл аз интиқоли мусофирон ба ҷойи амн тарк кардани киштӣ айбдор мешавад. Вакилони мудофеи ӯ мегӯянд, ки барои ҳалокати одамон на фақат Скеттино, балки дигар сарнишинҳо ва ширкати соҳиби “Коста Конкордия” ҳам масъуланд.
XS
SM
MD
LG