Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бейрут аз таркиши мошин чанд кас ҷон бохтанд


Дар ҷануби шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, бар асари инфиҷори мошин чанд нафар куштаву захмӣ шуданд. Ба иттилои хабаргузории Reuters, таркиш дар минтақаи асосан шианишини Байрулобод рӯй додааст. Болои минтақаро дуди сиёҳ фаро гирифтааст, нерӯҳои интизомӣ ҷойи ҳодисаро аз чаҳор сӯ бастаанд. Мақомот аз пайи мушаххас кардани теъдоди қурбониёни ҳодисаанд.

Чанд ҳафта аз ин пеш ба ҷануби Бейрут ду мушак андохта шуд, ки боиси ҷароҳат бардоштани чандин нафар гардид.

Бархе аз гурӯҳҳои ошӯбгарони суриягӣ, ки алайҳи режими Башор Асад меҷанганд, баъди вуруди ҷанг шудани ҷунбиши шиаҳои “Ҳизбуллоҳ”, таҳдиди зарба задан ба Лубнонро карда буданд. “Ҳизбуллоҳ” яке аз нерӯҳои асосии сиёсии Лубнон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG