Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши қатор дар Канада 13 нафар ҷон бохтаанд


Таркиши қатори боркаш бо нафти хом дар вилояти Квебеки Канада метавонад бузургтарин фалокати фаннӣ дар таърихи кишвар шавад.

Ба иттилои намояндаи полиси Квебек, бар асари ин ҳодиса, ки рӯзи шанбе дар шаҳраки Лак-Мегантик рӯй дод, дасти кам 13 нафар ба ҳалокат расиданд ва 37 тани дигар то ҳол беному нишонанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки таркиш мунҷар ба ҳалокати панҷ нафар шудааст. Аз таркиши қатор 40 бино дар маркази шаҳрак ба коми оташ рафт, ду ҳазор нафар аз сокинон ба манотиқи амн интиқол ёфтанд.

Мақомот ҳадс мезананд, ки миёни ғайбзадагон мизоҷони як тарабхонаи маъруфи мусиқӣ низ ҳастанд. Ин тарабхона ҳам қариб пурра сӯхтаву валангор шудааст.

Бар пояи иттилои пешакӣ, қатори дар истгоҳ бозистода ғайриинтизор дар ҳоле ба ҳаракат омадааст, ки машинист дохили он набуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG