Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли посбони "Агроинвестбонк"


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои ошкор кардани қотилони посбони «Агроинвестбонк» гурӯҳи вижаеро ба ноҳияи Файзобод фиристодааст.

Маҳмадулло Асадуллозода, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки гуруҳи мусаллаҳи ношинос дар соати 18:00 бегоҳи рӯзи якшанбеи гузашта посбони шӯъбаи «Агроинвестбонк» дар ноҳияи Файзобод милитсионери шӯъбачаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»- сержант ия Шерализода Раҳмонхӯҷаро латту кӯб намуда, сипас ӯро аз силоҳи худаш ба қатл расониданд.

Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, гурӯҳи ношинос бо арраи оҳанӣ кӯшиш кардаанд сандуқи оҳанин(сейф)-и хазинаро боз кунанд, аммо муваффақ нашуда, автомати Калашниковро бо худ бурдаанд. То кунун вазорати корҳои дохилӣ ягон гумонбарро боздошт накардааст. Дар ҳоли ҳозир, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тибқи фармони вазири умури дохила Раҳимов Рамазон, таҳти раҳбарии як муовини ӯ гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шудааст.

Ҳодисаи қатли муҳофизони бонкҳо аз ҷониби афроди номаълум дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Тақрибан чаҳор сол қабл ду фарди ниқобпӯш ба яке аз марказҳои интиқоли маблағи бонки "Эсхата" дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамла карданд. Ҳамлагарон аз тариқи таҳдиду зӯр бо скоч даҳони духтари масъулро баста, аз хазина 3000 доллар ва 100 ҳазор рубли русиро рабуданд.

Соли 2008 корманди шӯъбаи хадамоти давлатии посбонӣ Одина Давлатов, ки яке аз дафтарҳои «Ориёнбонк» дар шаҳри Душанберо ҳифозат мекард, аз таппончаи худи ӯ парронда шуд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки қотил ба даруни бино даромада, таппончаро аз дасти корманди пулис мегирад ва бо он ба пешонии пулис тир холӣ мекунад. Баъдтар эълом шуд, ки ин ҳодиса ангезаи хусусӣ дошта ва бо ҳадафи ғорат сурат нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG