Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозгарон дубора ба Майдони Тақсими Истамбул бозмегарданд


Яке аз боғҳои Истамбул, ки маркази тазоҳуроти эътирозии чанд ҳафта дар Туркия буд, баъд аз боз шудан дубора баста шуд. Ҳусейн Авнӣ Мутлу-шаҳрдори Истамбул рӯзи душанбе эълон кард, ки Гезӣ Парк дар Майдони Тақсим баъд аз се ҳафтаи муҳосира дубора боз хоҳад шуд. Вале баъд аз чанд соати боз шудан Гезӣ Паркро дубора бастанд. Мутлу бар зидди ҳар гуна ҳамоиши ғайриқонунӣ дар ин маҳал ҳушдор дод, вале шоми рӯзи душанбе эътирозгарон ба майдон бармегаштанд.

Пулис бар зидди онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард. Сипас эълон кард, ки чаҳорбоғ баста шудааст. Моҳи гузашта эълон дар бораи бунёди силсиламоғозаҳо дар ҷои ин чаҳорбоғ норизоятии мардумро барангехт ва онҳо се ҳафта дар Майдони Тақсим бар зидди ин нақша эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG