Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи кушташудагон дар нооромиҳои Миср аз 50 нафар гузашт


Гузоришҳои расида аз Қоҳира-пойтахти Миср гувоҳӣ медиҳад, ки дар даргириҳои миёни нируҳои амниятӣ ва исломгароёни ҷонибдори Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда 51 нафар кушта шудаанд. Хадамоти изтирорӣ мегӯянд, ки шумораи захмиён дар Қоҳира ба 430 нафар расидааст.

Артиши Миср мегӯяд, ки дар ин даргириҳо 2 афсари пулис ва як афсари артиш низ кушта шудаанд. Артиш мегӯяд, даргириҳо замоне оғоз ёфтааст, ки як “гурӯҳи террористӣ” талош кардааст ба бинои Горди Ҷумҳурӣ ҳамла барад. Ба бовари гурӯҳи Ихвонулмуслимин Мурсӣ боздошт ва дар ҳамин бино нигаҳдорӣ мешавад.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки нируҳои артиш 200 нафарро барои талоши ҳамла ба бинои Горди ҷумҳурӣ боздошт кардаанд. Ин афрод дар даст аслиҳаву бамҳои бензинӣ ва аслиҳаи дигар доштаанд.
XS
SM
MD
LG