Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомдоди имрӯз моҳи Рамазон дар ҷаҳони ислом фаро расид


Бомдоди имрӯз моҳи шарифи Рамазон фаро расид. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон дар ҷаҳони ислом ба ҳамаи мусулмонон паёми шодбош фиристод.Вай дар ин паём гуфт:

“Бо фаро расидани моҳи мубораки Рамазон Мишел (хонуми раиси ҷумҳур) ва ман беҳтарин тамманиёти худро ба ҷомеаи мусулмонони Амрико ва саросари ҷаҳон мефиристем.

Обама афзуд: барои тамоми 1,5 миллиард муслмони саросари ҷаҳон Рамазон моҳи андешаву мулоҳиза, рӯзадориву дуову парастиш аст. Рамазон ҳамчунин имконе ба хонаводаҳову дӯстон барои гирдиҳам омадан ва пос доштани фароизест, ки мардум дар мазҳабҳои гуногун ихлос доранд. Таъаҳҳуд ба сулҳ, адолат, ғамхорӣ дар ҳақи бани башар аз ҷумлаи онҳост. Ин таъаҳҳудот қаввитар аз ихтилофотест, ки бисёр вақт моро аз ҳам ҷудо нигоҳ медорад.
XS
SM
MD
LG