Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар нооромиҳои Миср шумораи кушташудагон афзоиш ёфтааст


Ҷонибдорони Ихвонулмуслимин дар Қоҳира

Ҷонибдорони Ихвонулмуслимин дар Қоҳира

Гузоришҳои расида аз Қоҳира-пойтахти Миср гувоҳӣ медиҳад, ки дар даргириҳои миёни нируҳои амниятӣ ва исломгароёни ҷонибдори Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда 51 нафар кушта шудаанд.

Хадамоти изтирорӣ мегӯянд, ки шумораи захмиён дар Қоҳира ба 430 нафар расидааст.

Артиши Миср мегӯяд, ки дар ин даргириҳо 2 афсари пулис ва як афсари артиш низ кушта шудаанд. Артиш мегӯяд, даргириҳо замоне оғоз ёфтааст, ки як “гурӯҳи террористӣ” талош кардааст ба бинои Горди Ҷумҳурӣ ҳамла барад. Ба бовари гурӯҳи Ихвонулмуслимин Мурсӣ боздошт ва дар ҳамин бино нигаҳдорӣ мешавад.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки нируҳои артиш 200 нафарро барои талоши ҳамла ба бинои Горди ҷумҳурӣ боздошт кардаанд. Ин афрод дар даст аслиҳаву бамҳои бензинӣ ва аслиҳаи дигар доштаанд.

Аммо ҷонибдорони Мурсӣ низомиёнро барои ин ҳамла муттаҳам медонанд. Ҷиҳод Ҳаддод -сухангӯи Ихвонулмуслимин гуфт, вақте ки эътирозгарон намози бомдодро эълон карданд, нируҳои амниятӣ ба сӯи онҳо тирандозиро шуруъ намуданд.

Ҷиҳод Ҳаддод гуфт, “артиш аз ду роҳ якеро мехоҳад: Ё мехоҳад моро ба ҷангҳои печ дар печ бикашонад ва ё мехоҳад моро аз кӯчаву хиёбонҳо биронад ва мо аз нияти худ даст бикашем. Нияти мо маълум аст, мо табуддулоти низомиро ноком мекунем, ҳатто агар аз ҷонамон ҳам маҳрум шавем. Мо ҳеҷ гоҳ ба даргириҳои печ дар печ кашонда нахоҳем шуд”.

Телевизиони давлатӣ гузориш дод, ки Алӣ Мансур-раҳбари давраи гузор кумиссиюне ташкил кардааст ва ин кумиссиюн ба ин ҳодиса расидагӣ хоҳад кард. Чунин нооромӣ сарнавишти бузургтарин кишвари арабиро ба бесарусомонӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Ҳамлаи рӯзи душанбе дар ҳоле сурат гирифт, ки 5 рӯз пеш Муҳаммад Мурсӣ баъд аз тазоҳуроти пурҷамъияти сартосарӣ тавасвути низомиён аз мақом барканор шуд.

Тазоҳуркунандагон истеъфои вайро талаб мекарданд. Баъд аз барканории Мурсӣ аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҷунбиши Ихвонулмуслимин онро табуддулоти низомӣ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG