Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи таҳсили ройгон ба духтарҳо


Дарвозаи вурудии вазорати маорифи Тоҷикистон.
Дарвозаи вурудии вазорати маорифи Тоҷикистон.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, барои духтароне, ки маълумоти олӣ надоранд ва синну соли издивоҷашон гузаштааст ё аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд, имтиёз дода мешавад, то онҳо ба таври ройгон дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд.

Нуриддини Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон дар охирин нишасти хабарии худ гуфт, бо ин роҳ қарор аст, мактабҳо бо омӯзгорон пурра таъмин шаванд ва ҳамзамон духтарони минтақаҳои дурдаст имкони таҳсил пайдо кунанд.

Вазир гуфт, ба духтароне, ки мактабҳоро хатм кардаанду маълумоти олӣ ё миёнаи махсус надоранд, ё бо сабаби тангдастии хонаводаҳо аз таҳсил маҳрум мондаанд, имкон дода мешавад бидуни ширкат дар имтиҳонҳои дохилшавӣ, ба факултаҳои ихтисосҳои омӯзгорӣ дохил шаванд. Саидов гуфт: «Ман раисони ноҳияҳоро гуфтам, ки «бевадухтарҳо»-ро бо «пирдухтарҳо» рӯйхат карда ба ман биёред. Ман онҳоро ба донишгоҳҳо дохил мекунам. Ҳоло ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Нуробод, Балҷувон ва Исфара рӯйхатро оварданд. Кадом ноҳияе ки рӯйхатро пешниҳод кард, ба ректорҳо тақсим мекунем мегӯям, ки гиред онҳоро дохил кунед. Нафароне, ки панҷ сол собиқаи корӣ дар мактаби миёнаро дорад, мо аз курси дуюм ба донишгоҳ дохил карда истодаем.»

Ҷаноби Саидов мегӯяд, ин иқдом метавонад норасоии омӯзгоронро дар мактабҳо коҳиш дода, орзуи занонеро, ки саводи кофӣ ва хоҳиши таҳсилро доранд, амалӣ кунад.

Муҳайёи Холмурод, сокини 32 солаи ноҳияи Турсунзода, ки 16 сол боз орзуи таҳсили олӣ дорад, аз ин ташаббуси вазорати маориф истиқбол кард. Аммо гуфт, ӯ наметавонад бедудилагӣ ба амалӣ шудани ин иқдом бовар кунад. Вай мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон барои ҷалби духтарон ба мактабҳои олии кишвар квота ё имтиёз ҷудо кардаанд, вале ҳоло квотаҳои духтарони кӯҳистонӣ аз сӯи бархе афрод харида шуда, онҳое, ки сазовори таҳсиланд, аз ин имтиёз маҳрум мемонанд. Вай афзуд, аз эҳтимол дур нест, ки ин имтиёз низ ба фасод ва «тағобозӣ» ғарқ ва биноан беҳосил гардад: «Хуб аст, вақте ки мо барин занҳоро ба таҳсил ҷалб мекунанд, лекин Худо медонад, ки он шаффоф аст ё не. Вале агар чунин иқдом бидуни ягон восита сурат гирад, тарафдорам. Ва худам низ шахсан мехоҳам таҳсил кунаму омӯзгор шавам.»

Марҳабо Зунунова
Марҳабо Зунунова
Шаҳноза, як ҷавондухтари тоҷик, ки ба гуфтаи худаш бе «тағо» натавониста ба донишгоҳ шомил шавад, бидуни сабти садояш дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: “Бояд дар аввал пеши роҳи коррупсия гирифта шаванд, кай решаи коррупсия барканда мешавад? Чаро барои духтарон ва ҷавонзанҳо шартномаи хондан бекор намешавад?»

Аммо Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони «Никоҳ ва оила» мегӯяд, пешниҳоди вазири маориф то ҷое мантиқист. Зеро ҷалби нафароне, ки дар нимаи роҳ мондаанд ва мушкилиҳои зиндагӣ сарсон кардааст, метавонад муваффақона сурат бигирад. Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар донишгоҳ ва кор дар мактаб табъи он занону духтароне, ки аз таънаи мардум ва хушунати хонаводагӣ ранҷ мебаранд, болида мекунад: «Якбора таваҷҷуҳи вазорати маориф ё вазир албатта ғайричашмдошт аст. Вале ин хуб аст, ки духтар ё занҳое, ки маълумоти олӣ надоранд, соҳибкасб мешаванд ва нони худро меёбанд. Аксарият аз 23 то 25 сола аммо оилавайрон шудагӣ ҳастанд. Онҳоро дигар касе аҳмият намедиҳад. Бигузор бо чунин иқдомҳо ва ё ҳатто бо баргузории семинарҳо ҷалб кард, то онҳо ҳам худро як қисми ҷудошуда дар ҷомеъа эҳсос накунанд.»

Масъулони вазорати маориф мегӯянд, ин тасмими вазорат барои он гирифта шудааст, ки феълан тибқи иттилои расмӣ дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 1200 омӯзгор намерасад ва дар ин баробар ҳудуди 4500 муаллимони бе маълумоти олӣ, ба омӯзгорӣ машғуланд.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик.
Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик.
Дар ҳамин ҳол Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик ба ин бовар аст, ки чунин тасмими вазорат наметавонад, мушкили камбуди муаллимонро дар мактабҳо ҳал кунад. Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, вазоратро мебоист ба ҷои ин иқдом, тамаркуз рӯи ин самте мекард, ки бояд тибқи он маоши омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ баланд карда мешуд. «Бубинед, ҳамасола ҳазорҳо-ҳазор омӯзгорони ҷавон донишгоҳҳоро хатм мекунанд, аммо бо сабаби камбудии маош ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Ҳатто вазорати маориф др чанд соли пеш низ барои ба ҷои кор ҳозир нашудани хатмкардаҳои донишгоҳҳо муҷозот эълон карда буд. Фикр намекунам, ки ин ташабусси вазорати маориф барои ҷалби духтарони деҳотӣ мусоидат кунад.»

Феълан дар Тоҷикистон 4 ҳазор мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дорад, ки дар он зиёда аз 130 ҳазор омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯянд. Ва тибқи иттиллои вазорати маориф, имсол ба муассисаҳои олии кишвар бояд 37 ҳазор донишҷӯ шомил шаванд, ки 12 ҳазор нафари онҳо дар шӯъбаҳои будҷавӣ ва боқимонда дар шӯъбаҳои шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG