Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Куштори беш аз 20 толиб дар вилояти Вардак


Мансабдорони афғон мегӯянд, дар ҷараёни як амалиёти амниятӣ дар шарқи ин кишвар камаш 20 Толиби силоҳбадаст кушта шудаанд.

Амалиёт дар вилояти Вардак, воқеъ дар ғарби Кобул ба вуқӯъ пайвастааст. Дар он ҷо артиши миллии Афғонистон 16 толибро ба қатл расонда, силоҳ, васоили нақлиёт ва муҳиммоти онҳоро мусодира кардааст.

Сухангӯи волии Вардак изҳор намду, ки чор толиби дигар дар ин вилоят дар ҷараёни як амалиёти дигар кушта шуда буданд.

Мансабдорони ҳукумати маҳаллӣ дар вилояти ҳамсояи Лағмон ҳам иброз доштанд, ки дар як бархӯрд ду силоҳбадасти мухолифи давлат кушта шуданд.

Дар амалиёти Вардак даҳ афсари хадамоти амниятии афғон низ ба ҳалокат расидаанд.

Ҳангоми ҳамла болои посгоҳи полис дар вилояти Нангарҳор бошад, се афсари полис ба қатл расидаанд.

Генерали афғон Муҳаммадшариф Яфталӣ мегӯяд, дар шарқи Афғонистон фаъолияти ошӯбгарон афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG