Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъюбон аз ҳукумат хостанд, ки Конвенсияи СММ-ро қабул кунад


Даҳ созмони дифоъ аз ҳуқуқи маъюбон дар доираи эътилофи пуштибонӣ аз аз тасвиби Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба муносибати рӯзи маъюбон дар кишвар ба ин Конвенсия шомил шавад. Эътилофи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва маъюбон дар Тоҷикистон бо интишори як баёния дар расонаҳои интернетӣ дар таърихи 8-уми июл, бо таассуф гуфтаанд, ки Тоҷикистон ҳанӯз Конвенсияи дифоъ аз ҳуқуқи маъюбонро тасвиб накардааст. Санади мазкур ҳамаи масоили марбут ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад, ки 13-уми декабри соли 2006 аз тарафи Маҷмаъи умуми СММ қабул шуда ва дар соли 2008 ба қувваи иҷро даромадааст.

Иттиҳоди миллии маъюбон ва ношунавоҳои Тоҷикистон», Лигаи занони маъюби мавсум ба «Иштирок», Ҷамъияти волидони кӯдакони маъюб ба номи «Имконият», ҷамъияти маъюбони ноҳияи Бобоҷони Ғафуров ба номи «Тақдир» ва ҷамъиятиҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи маъюбони Тоҷикистон мегӯянд, ки беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба ин Конвенсия ҳамроҳ шуда, беш аз 90 давлати ҷаҳон онро тасвиб кардааст. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон то ҳол онро ба имзо нарасонидааст. Ҷамъиятҳои маъюбони Тоҷикистон дар идомаи баёния зикр кардаанд, ки афроди маъюб, хусусан нобиноҳо ва ношунавоҳо аз оддитарин шароит дар роҳҳо, гузаргоҳҳо ва истифода аз васоити нақлиёт, навиштаҷотҳои биноҳои маъмурӣ маҳруманд ва бинобар норасоии ҷисмонӣ, ба мушкил рӯ ба рӯ мебошанд. Онҳо аз мақомоти зидахли Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки барои дастрасӣ ба иттилоот, хусусан ба интернет, мусоидат кунанд. Ҳар сол таърихи 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад ва ҷамъиятҳои маъюбони Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар хостаанд, ки ақалан ба масъалаҳои онҳо дар сол як маротиба расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG