Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи кумак ба гирифторони полио дар Тоҷикистон


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон ва созмони USAID ё худ Идораи кумакҳои байналмилалии ИМА дар пайи таҳияи барномаи реабилитатсия ё худ кумак ба гирифторони бемории фалаҷи кӯдакона шудаанд.

Дар соли 2002-ум Тоҷикистон минтақаи озод аз полиомелит ё худ фалаҷи кӯдакона эълон шуда буд, вале дар соли 2010-ум дар ин ҷумҳурӣ ҳодисаҳои сирояти ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буданд.

Феълан созмонҳои хайрияи мустақар дар Тоҷикистон ба монанди Operation Mercy ва Handicap International барномаҳои тамрини табибону волидони атфоли гирифтори полиомелитро амалӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG