Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иваншивилӣ мухолифи раҳоии Бедукадзе мебошад


 Владимир Бедукадзе
Владимир Бедукадзе
Сарвазири Гурҷистон Биздина Иванишвилӣ аз додситони кулли ин кишвар даъват кардааст, қарор дар бораи раҳоии собиқ ходими идораи маҳбасҳои Гурҷистонро, ки наворҳои азияти маҳбусонро намоиш дода буд, бознигарӣ кунад.

Рӯзи душанбе Иванишвилӣ изҳороте пахш намуда, таъкид кард, ки сарфи назар аз ҳамкории Владимир Бедукадзе бо муфаттишон, раҳоии ӯ аз зиндон инъикоскунандаи ҷиддияти таҳқиқот намебошад.

Бедукадзе моҳи январ баъди бозгашташ аз Аврупо дар пойтахти Гурҷистон дастгир шуд.

Моҳи сентябри гузашта Бедукадзе наворҳои видеои шиканҷаи маҳбусон аз тарафи нозирони маҳбасҳоро намоиш дод.

Баъд аз он ҳукумати Гурҷистон тавассути Интерпол дархости ҳабси ӯро интишор намуд.

Баъди нашри наворҳои видео ду мансабдори баландпояи Гурҷистон ба истеъфо рафтанд.

Дар арафаи интихоботи парламентӣ наворҳоро шабакаҳои телевизионии Гурҷистон намоиш дода буданд.

Моҳи июн додситони кулли Гурҷистон Арчил Кбилавшвилӣ Бедукадзеро аз ҳабс раҳо кард.
XS
SM
MD
LG