Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чеченистон як фармондеҳи исломӣ кушта шуд


Нерӯҳои амниятии ҷумҳурии Чеченистон Русия мегӯянд, ки як фармондеҳи ошӯбгарони исломӣ ба қатл расидааст.

Дар шаҳри Грозний раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба хабарнигорон гуфт, ки субҳи душанбе Рустам Солеҳов, ки бо лақаби Абу Муслим маъруф мебошад, дар ҷараёни як амалиёти хос дар ҷануби Чеченистон кушта шуд.

Солеҳови 31-сола чанд сол инҷониб дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи нерӯҳои амниятиии Русия қарор дошт.
Ӯ ҳамчун фармондеҳи зердасти раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров дар ноҳияи Ачхой Мартани Чеченистон шинохта мешуд.
XS
SM
MD
LG