Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёрии Ҳилоли Аҳмар ба оилаи қурбониёни ҳаводиси Хоруғ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ба қурбониёни ҳаводиси Хоруғ кӯмак мерасонад.

Баъд аз қариб 1 соли рӯйдодҳои хунини Хоруғ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, ба вомондагони қурбониёни ин ҳаводис мадад мерасонад. Танзимгари барномаи байналмиллалии ҳуқуқи башари созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, Қосум Бозичаев ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони созмон бо хонадони 22 қурбонии ҳаводиси Хоруғ шинос шуда, муайян кардаанд, ки аксари онҳо дар рӯйдодҳои соли гузашта ноноварони оиларо аз даст додаанд. Созмон тасмим гирифтааст, ки ба 21 хонавода дар роҳандозии соҳибкории хурд мадад расонад. Як оила аз ин феҳраст берун мондааст, зеро сарвари он, бино бар асноди пизишӣ, аз сактаи дил фавтидааст ва расман қурбонии амалиёти ҳарбӣ шумурда намешавад.

Дар бораи муҳтавои ёрии созмони Ҳилоли Аҳмар ҷаноби Бозичаев афзуд: "Баъзеҳоро хоҳар ё очаашон мондагӣ, онҳо дӯзандагӣ кардан мехоҳанд, дигарон бузпарварӣ, кишоварзӣ ва ҳар хел нақшаҳо доранд. Агар хуб кор кунанд аз бизнеси хурд ба бизнеси калон гузаштанашон мумкин аст."

Ба гуфтаи танзимгари барнома дар баробари 21 сокини Хоруғ созмони Ҳилоли Аҳмар ҳамчунин ба хонаводаҳои ду сарбози гурӯҳи таъиноти махсуси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон, ки зодагони ноҳияи Ишкшим буда, яке дар ҳаводиси Хоруғ ва дигаре дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар ноҳияи Рашт кушта шуданд, кӯмак хоҳад кард.

Дар амалиёти нируҳои давлатӣ дар Хоруғ, ки 24 июли соли гузашта сурат гирифт, аз ду тараф дастикам 70 кас, ба шумули 21 ғайринизомӣ кушта ва теъдоде захмӣ шудаанд. Бо гузашти як сол аз он ҳаводис мақомоти давлат барои шаҳрвандоне, ки дар ин амалиёт кушта шуданд, ҷубронпулӣ пардохт накардааст. Аммо ба 700 хонавода ва соҳибони биноҳои маъмурӣ хисороти молии баробар ба 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ супурда шудааст.

Амлиёти Хоруғ баъд аз куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии ин вилоят, ки рӯӯзи 21-уми июли соли 2012 ба вуқӯъ пайваст, оғоз ёфта, бо эътирозҳои густардаи мардуми Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва кишварҳои дигар ва дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қатъ гардид. Дар рӯзҳои баъд аз амалиёт яке аз фармондеҳони посбиқи мухолифон Имом Имомназаров дар шароити мармуз ба ҳалокат расида, дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони пешини мухолифон дар Бадахшонро дар куштори генерал Абдулло Назаров муҷрим шинохт ва онҳоро мутаносибан ба 17 ва 16 соли ҳабс дар зиндони низомаш сангин бо мусодираи амвол маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG