Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ауксиони маҳсули заҳмати маъюбон дар Кӯлоб


Имрӯз, душанбеи 8 июл дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб, ауксион ё фуруши маҳсули заҳмати маъюбони ин минтақа баргузор шудааст. Сарахон Қарахонов, як масъули бахши фарҳангу иҷтимоиёти шаҳрдории Кӯлоб дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин ауксион ба ибтикори ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва иттиҳодияи маъбони шаҳр ба ҳадафи кӯмак ба ин табақаи ниёзманд сурат мегирад."

Зеро ба таъкиди ҷаноби Қарахонов, "ҳукумати шаҳри Кӯлоб аз сокинону соҳибкорон ва дигар кормандони ниҳодҳои давлатӣ даъват ба амал овардааст, то дар ин ауксион ширкат кунанд ва маҳсули заҳмати маъюбонро харидорӣ намоянд."

Хабарнигори Радиои Озодӣ низ мегӯяд, дар ин ауксион маҳсули заҳмати беш аз 40 маъюби шаҳри Кwлоб, аз ҷумла гушвораву дастпонаҳои нуқраги, ҷуроб, руймолу анвои либосҳои мухталифи занона ва ғайра ба фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, бо он, ки маҳсулоти маъюбон қимати чандоне надоранд, аммо танҳо як гӯшвори нуқрагӣ бо қимати 300 сомонӣ, яъне баландтарин қимат ба фурӯш рафтааст. Аммо хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ки дар гӯшаи дигари Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Кӯлоб, иттиҳоди маъюбон базмеро низ доир кардааст, ки барномаи он ҳунарнамоии маъюбонро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG