Пайвандҳои дастрасӣ

"Чӣ гуна як ҷавони бекор дар мулоқоти президент иштирок кунад?"


Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон сарусадоҳо дар мавриди он, ки ба мулоқотҳои президенти кишвар асосан ҷавонони тарафдори давлат даъват мешаванд ва сенарияи сӯҳбатҳои раисиҷумҳур бо ин ҷавонони мунтахаб низ аз пеш тарҳрезишуда аст, рад кардаанд. Кабирҷон Ҷӯраев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон рӯзи душанбе 8-уми август зимни нишати матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки "дар мулоқоти ахири раҳбари давлат ғайр аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони кумитаи ҷавонон, аз дигар кормандони сохторҳои давлатӣ ягон ҷавон ширкат надоштааст."

Вай гуфт, «вақте, ки мо моҳи март шумораи иштирокчиёнро муайян карда ба президент пешниҳод кардем, ҳарчанд дар он ҷавонони фаъол номнавис шуда буданд, аммо президент онҳоро хат заданд ва такя карданд ба ҷавонони мақомоти маҳаллӣ".

Ба таъкиди вай, "аз 2200 ҷавон, 1700 нафар аз шаҳру навоҳии кишвар буданд, ки аксаран омӯзгору олимони ҷавон ва гирандагони стипендияи президентӣ буданд."
Кабирҷон Ҷӯраев афзуд, ки "чӣ гуна як ҷавоне, ки муҳоҷир аст ва бекор буда бо шуғле фаро гирифта нашудааст, дар мулоқоти ҷаноб иштирок кунад?!»

Мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар рӯзи 23 май дар Кохи Борбад бори 7-ум буд, ки дар чорчӯби "Ҳафтаи вижаи ҷавонон" баргузор гардид.
XS
SM
MD
LG