Пайвандҳои дастрасӣ

Як пажӯҳиши мустақил мушаххас кардааст, ки телевизионҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳанӯз барои гузариш ба пахши рақамӣ мушкилоти фаровоне доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки қарор аст Тоҷикистон дар баробари даҳҳо кишвари ҷаҳон бояд то соли 2015 дар соҳаи телевизхион ба пахши рақамӣ гузарад.

Ин пажӯҳиш тавассути созмони иҷтимоии "Хома" давоми моҳҳои октябри соли 2012 то июни соли ҷорӣ дар миёни 60 раҳбару корманди шабакаҳои телевизиони давлатӣ, ноқилӣ ва хусусӣ анҷом шудааст.

Лола Мерганова, як масъули созмони иҷтимоии "Хома", рӯзи душанбеи 8 июл зимни натиҷагирӣ аз ин пажӯҳиш дар нишасте зери унвони "Бозори телевизиони Тоҷикистон - мушкилот ва дурнамо" гуфт, ки "дар ҷараёни гузариш ба пахши рақамӣ телевизионҳои Тоҷикистон масъалаҳои зиёди ҳалталаб доранд, ки дар ин росто бояд ба заминаҳои ҳуқуқӣ, танзими техникӣ, истифодаи имкониятҳои бозори реклама ва афзоиши ҳаҷму беҳтаршавии сифати барномаҳои телевизионӣ таваҷҷӯҳи амиқ мебояд."

Ба гуфтаи хонум Мерганова, "пажӯҳиш собит кардааст, ки бозори маводи аудиовизиуалӣ дар Тоҷикистон то ҳол ривоҷ надоштааст. Ҳол он, ки маводи босифати аудиовизиуалӣ дар фазои рақамӣ барои рақобатпазир будан бо шабакаҳои хориҷӣ хеле муҳим аст".

Ҳамзамон ба таъкиди хонум Мерганова, натиҷаҳои пажӯҳиш ҳокист, ки телевизионҳои давлатӣ асосан барномаҳои сиёсӣ ва фароғатӣ ва шабакаҳои мустақил фароғатӣ ва иҷтимоӣ пахш мекунанд ва замони пахши барномаҳо дар телевизионҳо аз 3, 5 то 18 соатро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни пажӯҳиш раҳбарони телевизионҳо изҳор кардаанд, ки хоҳони боло бурдани касбияти кормандони техникиашон ҳастанд. Зеро гуфта мешавад, ки бештари наворбардорону танзимгарони шабакаҳои телевизионӣ аз роҳи худомӯзӣ, кор дар теливизионро аз бар кардаанд.

Зимнан, ин пажӯҳиш бо раҳбарону кормандони шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва мустақил, дар сӯҳбати рӯ ба рӯ анҷом гирфтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG