Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бар асари фуруди изтирории ҳавопаймои мусофиркаши Boeing 777 дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Сан-Франсискои ИМА, ки рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст, ду духтари толибилм аз Чин ба ҳалокат расидаанд.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс бо такя ба телевизиони давлатии Чин хабар дод, ки Е Мэн'юан ва Ван Линсзя дар як мактаби шаҳри СзянШан, воқеъ дар шарқи кишвар, таҳсил мекарданд.

Ҳавопаймои ширкати Кореяи Ҷанубӣ аз Сеул парвоз карда буд ва ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сан-Франсиско нишаст. Баъди бархӯрди ҳавопаймо ба замин як бахши он пора шуд ва сӯхтор ба амал омад.Бюрои федеролии тафтишоти ИМА изҳор намуд, ки ягон нишонае аз ҳамлаи террористӣ ошкор нашудааст.

Дар ҳавопаймо 16 сарнишин ва 291 мусофир, асосан шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва ИМА буданд. Тақрибан 50 кас бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол ёфтанд.
XS
SM
MD
LG