Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҷои кор бо дипломҳои "сурх"-у "кабуд"-и донишгоҳҳои Тоҷикистон


Хатмкардаҳои донишгоҳи технологӣ
Хатмкардаҳои донишгоҳи технологӣ

Имсол боз ҳазорон нафар бо хатми донишгоҳҳои Тоҷикистон дипломҳо дар даст ба ҷустуҷӯи ҷои кор шурӯъ кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки чанд нафар аз ин миқдор дар Тоҷикистон ҷои кор хоҳад ёфту чандеи дигар дипломҳои сурху кабуди худро дар сандуқ қуфл зада, ба артиши якмиллионии муҳоҷирони кории тоҷик хоҳанд пайваст. Аммо як нуқта мусаллам аст, ки кор ёфтан дар Тоҷикистон ҳатто бо дипломи донишгоҳ кори осон нест.

Бежани Бекназар, ки Донишгоҳи миллиро бо ихтисоси иқтисоддон хатм кардааст, мегӯяд, қариб 2 моҳ боз дар ҷустуҷӯи ҷой кор аст. Бежан меафзояд, ба чандин вазорату идора барои кор муроҷиат намуда, то ҳол ҷое муносиб пайдо карда натавонистааст. Ба андешаи Бежан, 400 ё 500 сомонӣ маоше, ки пешниҳод мекунанд, барои харҷи якмоҳаи зиндагияш нахоҳад расид. Бежан мегӯяд, ҳоло чанд бонки барои ҷалби ҷавонон озмун эълон кардаанд ва шояд бахти ӯ инҷо бихандаду кори хубтаре пайдо кунад. Вагарна, оҳ кашида афзуд ҳамсӯҳбати мо, ночор ба муҳоҷират хоҳад рафт: «Дар Русия хешу таборон ва дӯстонам зиёданд, ки дар тамос ҳастем, даъват карданд, ки рафта, ҳамроҳашон кор кунам. Онҳо гуфтанд, ки корашон хуб асту маоши нағз дорад, аммо ман, ки мехоҳам дар Тоҷикистон кор кунам, то ҳол кори муносибе инҷо пайдо накардаам.»

Тавре аз сӯҳбат бо Бежан маълум гардид, аз 25 ҳамсабақи ӯ то имрӯз ҳамагӣ панҷ нафараш ҷои кор пайдо карда, 4 тани дигар алаккай ба муҳоҷират рафтаанд ва бақия ҳамчунон ҷои кор меҷӯянд.

Хуршед, хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар сурати пайдо нашудани кори муносиб маҷбур аст тарки ихтисос кунад ё рӯ ба муҳоҷират биорад. Зеро вай мегӯяд, агарчи дар деҳа ба сар мебарад, 350 ё 400 сомонӣ маоши омӯзгорӣ барояш қонеъкунанда нест: «30 нафар донишгоҳро хатм кардем, ки ҳамагӣ ҳафт нафарашон кор мекунанд. Бақия -бекор.»

Аксари хатмкардагони донишгоҳҳо сабаби ҷой кор наёфтанашонро дар маоши паст ё набудани ҷойҳои кори маънидод мекунанд. Як мояи дигари шикояти хатмкардагон ин ҳам ҳаст, ки ҷойҳои кори ба истилоҳ равғанӣ дар Тоҷикистон танҳо насиби онҳое мешавад, ки пушти бақувват доранд.

Аммо ин ақида ҳам ҳаст, ки дар ҳолати саводи кофӣ ва рақобатпазир доштан, онҳо хеле зудтар ва ҳатто шояд бидуни “тағо” харидор ва ҷои кори хуб пайдо мекарданд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон як маркази мониторинги рақобатпазирӣ дар бозори корро ташкил кардаанд. Тавре масъулини донишгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, яке аз ҳадафҳои асосии марказ аз байн бурдани ҳамин ақидаи «тағо набошад, ҷойи кор намеёбам» мебошад.

Нуралӣ Шоев
Нуралӣ Шоев
Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологӣ мегӯяд, ақидаи «дипломро гирифтам кор намеёбам, тағо набошад, ҷой кор пайдо намекунам» андешаи кӯҳнашуда аст. Ба бовари ӯ, бо фаъол шудани Маркази мониторинги бозори кор натанҳо барои хатмкунандагон, балки барои донишҷӯёни солҳои поёнтари Донишгоҳи технологӣ низ имкони пайдо кардани кори муносиб пайдо мешавад.

Нуралӣ Шоев гуфт, дар сомонаи марказ оми донишҷӯёни донандаи низоми ҳукумати электронӣ, забонҳои хориҷӣ, корбарони технологияи иноватсионӣ ва дигар ихтисосҳо ворид мешавад ва корфармоён метавонанд корҷӯҳоро аз тариқи ин сомона пайдо кунанд: «Коре, ки мо оғоз кардем, донишҷӯ дар курси як метавонад соҳиби ҷойи коре шавад. Дар сайт менависем, ки донишҷӯ донандаи забони хитоист. Ин басанда аст, ки корхонае ӯро даъват кунад, ки баъди дарс ба корҳои мо кумак кунед. Ҳозир дар донишгоҳ 6000 донишҷӯ мехонад, кӣ медонад, ки вай чиро медонад. Ин як оинае шуд, оинаи пешниҳод намудани донишҷӯ бо симои зеҳнияш.»

Шукронаи Абдулфайз, хатмкардаи факултаи фанновариҳои иттилооотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ саводи кофӣ доштану рақобатпазирии хатмкардаҳои донишгоҳҳоро яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ кард. Шукрона мегӯяд, худи ӯ ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ дар шӯъбаи кадрҳои донишгоҳ ҳамчун мутахассиси компютер кор мекард: «Ман алакай дар шӯъбаи муҳосиботи Кумитаи андоз кор мекунам. Аммо мехоҳам баъди гирифтани диплом дар Бонки рушди Тоҷикистон машғул ба кор шавам.»

Ҳанӯз шумори дақиқи онҳое ки имсол аз донишгоҳҳои Тоҷикистон берун мешаванд ва ба истилоҳ пой ба зиндагии мустақилона мегузоранд, эълон нашудааст. Аммо тибқи иттиллои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар соли 2012 ҳудуди 36 ҳазор нафар, аз ҷумла 7 000 нафар бо ихтисосҳои омӯзгорӣ, мактабҳои олии кишварро хатм карданд. Вале аз он 7000 ба сабаби паст будани маош танҳо 60 дарсад барои тадрис ба мактабҳо рафтаву бақия дар роҳ аз донишгоҳ то мактаб “ғайб” задаанд.
XS
SM
MD
LG