Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки шабонарӯзи гузашта бар асари амалиёти низомиву ҳамлаҳои интиҳорӣ 14 сарбози ҳукуматӣ ва даҳҳо ҷангҷӯёни “Толибон” ба ҳалокат расиданд.

Дар изҳороти вазорат, ки рӯзи якшанбе нашр шуд, омадааст,се сарбози артиши миллии Афғонистон аз оташи тӯпхона ва инфиҷори минаи сарироҳӣ дар вилояти Вардак, воқеъ дар ғарби Кобул, ҷон бохтанд. Дар амалиёти низомӣ беш аз даҳ тан аз ҷангҷӯён ҳам кушта шудаанд. Ҳафт сарбози артиш бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар вилояти Ҳилманд ва боз чаҳор тан дар ҳодисаҳои дигар ба ҳалокат расиданд. Вазорати дифоъ мегӯяд, дар амалиёти Ҳилманд толибон 27 мусаллаҳро талаф доданд.

Ба иттилои расмӣ, аз аввалҳои сол дар ҳамлаву бархӯрдҳо беш аз 900 низомӣ ва корманди полиси Афғонистон ҷон бохтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG