Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян ва Сеул фаъолияти Каэсонро эҳё мекунанд


Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар мавриди эҳёи фаъолияти корхонаҳо дар маҷмааи саноатии Каэсон ба мувофиқа расиданд. Музокироти ҳайатҳо дар мавзеи Пханмунҷом рӯзи шанбе доир гардид ва тақрибан 16 соат идома кард. Бар пояи созиш, ҳарду ҷониб рӯзи чаҳоршанбе ин маҷмааро тафтиш мекунанд.

Маҷмааи Каэсон дар қаламрави Кореяи Шимолӣ, дар марзи миёни ду кишвар, ҷойгир аст. Аввалҳои ҳафта Пхенян эълом дошт, ки ба соҳибкорон аз Кореяи Ҷанубӣ барои сафар ба Каэсон ва ошноӣ бо вазъи корхонаҳо иҷоза хоҳад дод.

Корхонаҳои Каэсон аз сӯи Кореяи Шимолӣ охирҳои моҳи апрел, замони танишҳо миёни Пхеняну Сеул, баста шуданд. Тақрибан 50 ҳазор коргарон бекор монданд. 3 май охирин менеҷер аз Кореяи Ҷанубӣ қаламрави маҷмааро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG