Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Канада ғайриинтизор қатор аз масир берун шуд


Дар Канада сабабҳои аз масир берун шудани қатори боркаш бо нафти хомро тафтиш мекунанд. Ин ҳодиса нимаи аввали рӯзи шанбе дар шаҳраки Лак-Мегантик, воқеъ дар вилояти шарқии Квебек, рӯй дод.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расидааст, аммо мақомот аз он нигаронанд, ки шояд теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Бар асари ба замин бархӯрдани систернаҳо таркиш ва оташсӯзӣ ба амал омад. Дар маркази шаҳрак даҳҳо биноҳо тахриб шуданд ё осеб диданд. Тақрибан ҳазор нафар ба минтақаи амн интиқол ёфтанд.

Бар пояи иттилои пешакӣ, қатори дар истгоҳ бозистода ғайриинтизор дар ҳоле ба ҳаракат омадааст, ки машинист дохили он набуд.
XS
SM
MD
LG