Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 42 нафар дар ҳамла ба як мактаби Нигерия


Дар шимолу шарқи Нигерия бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба мактаб-парваришгоҳ дасти кам 42 нафар, асосан толибилмон, ба ҳалокат расиданд. Чанд тан дигар ҷароҳат бардоштанд ва ба бемористон интиқол ёфтанд. Фоҷиа дар шаҳри Мамудо, воқеъ дар аёлати Йобе, субҳи рӯзи шанбе, рӯх дод. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагарон бо канистраҳо бо маводи сӯхт ба мактаб ворид шуда онро оташ заданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангусти иттиҳоми сӯи гурӯҳи исломии Боко Ҳаром кардаанд.

Йобе яке аз се аёлати Нигерия аст, ки дар онҳо аз моҳи май вазъи фавқулодда ҷорӣ шудааст.

Шурӯъ аз соли 2010 афроди мусаллаҳ даҳҳо мактаби Нигерияро оташ заданд, ки бар асари ин садҳо толибилмон ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG