Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Панҷоб "рикша" зери чархҳои қатора монд


Дар вилояти Панҷоб, воқеъ дар шарқи Покистон, бар асари ба қатора бархӯрдани як мотосикли “рикша” дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи шанбе мақомоти шаҳри Шайхупур гуфтанд, ҳодиса дар ҳоле ба вуқуъ пайваст, ки мотосикли “рикша” бо 16 мусофир мехост аз ҷойи мамнӯъи роҳи оҳан убур кунад ва зери чархҳои қатори тезсуръати хатсайри Қарочӣ-Лоҳур монд.

Ба гуфтаи наҷотбахшон, дар ин ҳодиса ду кӯдак ҳам ба ҳалокат расидаанд. Афроди зиндамонда бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Шайхупур дар тақрибан 35 километрии Лоҳур ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG