Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хирсҳо панҷараҳои мазори Давлатмандро хароб карданд


Хирсҳо дар Ховалинг панҷараҳои гӯри Давлатманд, муборизи зидди сохти Шӯравиро хароб кардаанд.

Гӯри Давлатманд дар мавзеи Чагани Ховалинг дар паҳлӯи гӯри Анварпошшо, генерали турк, ки ҳангоми мубориза бо аскарони сурх дар соли 1922 ин ҷо кушта гардид, ҷойгир аст. Дар соли 1996 наберагони Анварпошшо устухонҳои бобои худро ба Туркия бурданд ва атрофи гӯри Давлатмандро панҷара гирифтанд, ки акнун бо як ҳамлаи хирcҳо комилан хароб шудааст.

Зайдулло Музаффаров
Зайдулло Музаффаров
Зайдулло Музаффаров, сокини деҳаи Шехони ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ҳоло сокинони маҳаллӣ, ки ба шахсият Давлатманд эҳтиром доранд, атрофи гӯри ӯро бо шохи дарахтон маҳкам кардаанд: «Наздикони Анварпошшо, рости гап ин панҷараҳоро карда буданд. Панҷараҳои кӯҳнаро аз Душанбе оварданд. Лекин набераҳои Давлатманд як бор омаданд, дигар мо надидем, онҳоро. Ҳозир гӯри ​ Давлатманд нообод аст. Мо пеш аз ин шох зада маҳкам карда будем ва ҳозир ҳам шох задаем, то ягон гову мол болои гӯр наояд.»

Хирсҳо дар ҳоле панҷараҳои гӯри Давлатмандро хароб кардаанд, ки масъулини хоҷагии ҷангали Ховалинг аз афзоиши ғайриинтизори хирс ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ сӯҳбат мекунанд. Барои аввалин кормандони хоҷагии ҷангал ҳайвонҳои ваҳшии Ховалингро ба ҳисоб гирифтанд, ки шумораи онҳо беш аз 580 будааст.

Котиб Қурбонов, корманди хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ба ҷуз хирсҳо онҳо аввалин бор дар ин мавзеъ 40 гурбаи ваҳширо мушоҳида карданд. Ӯ мегӯяд, гурбаи ҷангалӣ аз гурбаи хонагӣ бузургтар ва монанд ба паланги ваҳшӣ аст, ки 50 соли пеш бар асари сардӣ дар ин минтақа гумон мерафт, комилан ба нестӣ расидааст. Ӯ мегӯяд: «Ин ҳайвони нодир аст. Мо гумон мекардем, ки аз байн рафтааст, аммо имсол вақте кормандонамон ҷиддан ҳисоб карданд, дидем ки зиёд шудааст. Ин аслан, парранда ва агар деҳа бошад, мурғ ҳам мехӯрад. Панҷоҳ сол пеш аз ин мавзеъ сокинон кӯч бастанд ва зимистони сард омада буд ва он вақт дигар ба чашм
Котиб Қурбонов, корманди хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг
Котиб Қурбонов, корманди хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг
наменамуд. Ҳоло мо дар зимистонҳо сахт кӯшиш мекунем, то онҳоро бо хӯрока таъмин кунем, ки аз байн нараванд.»

Гӯри Давлатманд дар минтақае ҷойгир аст, ки атрофашро беш аз сад ҳазор ҳектор ҷангалзор ташкил медиҳад. То солҳои сиюми асри гузашта ин минтақа аҳолии зиёд доштааст ва ҷанги артиши Шӯравӣ бо муборизони зидди ин сохтор дар ҷануби Тоҷикистон дар ин мавзеъ гузаштааст. Чеҳраҳои шинохтаи муборизони зидди сохти шӯравӣ, мисли Анварпошшо, Давлатманд низ ҳамин ҷо ба шаҳодат расиданд.

Ҳоло дар ин мавзеъ танҳо як деҳа боқӣ мондааст, ки сокинонаш ба ғундоштани ҳосили мева машғуланд. Афзоиши ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷангалҳои ин мавзеъ, аз ҷумла хирс, ки ҳатто панҷараҳои оҳанини гӯри Давлатмандро шикастаанд, дар ҳолест, ки ахиран созмони «GIZ»-и Олмон тасмим дорад, то соли 2019 ҷангалзорро дар ин ҷо ин ҷо ба 30 ҳазор ҳектор дигар бештар кунад.
XS
SM
MD
LG